Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар
муҳокимаи ҷамъиятӣ оид ба натиҷаҳои фосилавии татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016-2020” баргузор гардид.
Вобаста ба рафти иҷрои бандҳои Барномаи муовини якуми раиси ноҳия Алиҷон Тоҷиев баромад намуда, қайд карда шуд, ки вазъи иҷроиши он беҳбудиро тақозо менамояд.
Зимни муҳокима иштирокдорони нишаст фикру мулоҳизаҳои худро доир ба иҷрои Барнома изҳор намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳо дар ин самт таклифҳо пешниҳод намуданд
Гуфта мешавад, Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия соли 2015 аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои солҳои 2016 – 2020 қабул гардида, аз муҳлати амалишавии он як сол боқӣ мондааст.