Дастаи «Пахтакор»-и ноҳия дар вохӯрии навбатии худ бо дастаи «Сарҳадчӣ»-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо ҳисоби 2:1 ғалаба ба даст овард.
Бозии мазкур дар доираи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи 2 вилояти Хатлон баргузор гардида, дастаи “Пахтакор” дар ин бозӣ мизбон буд.
Голи якумро ба дарвозаи ҳариф Зайнуллозода Фирдавсӣ ба ҳадаф расонида, ҳисоби бозиро кушод. Бо ин натиҷа қисмати якум ба анҷом расида, дар дақиқаи 80-ум бозигари дастаи “Пахтакор” Ҷанобиддин Шавкатзода голи дуввумро вориди дарвозаи “Сарҳадчӣ” намуд.
Дар дақиқаҳои охири бозӣ ба ҳарифон муяссар шуд, ки ба дарвоаи “Пахтакор” як голи ҷавобӣ ворид намоянд. Ҳамин тариқ бозӣ ба фоидаи дастаи “Пахтакор” анҷом ёфт.