БАҲРАБАРДОРӢ АЗ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР НОҲИЯ

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳои ноҳия вобаста ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

33_7.jpgАз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Утақара Назаров бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Рашидов Файзалӣ майдончаи варзишии замонавӣ сохта шуда, дар маросими ифтитоҳи он раиси ноҳия Зафар Файзуллозода ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Мирзозода Абдусалом ва намояндаи вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Амирбеки Темур иштирок намуданданд.

Раиси ноҳия зимни ифтитоҳи иншооти варзишӣ қайд намуд, ки машғулияти варзишӣ кафолати тансиҳатӣ ва саломатии инсон буда, ҷавононро аз оворагардӣ ва даст задан ба ҳар гуна амалҳои номатлуб пешгирӣ менамояд.

11_5.jpgЗикр кард шуд, ки саҳми соҳибкорон дар рушди маҳал ва пешрафти соҳаҳо назаррас буда, мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии ноҳия, ин амали ҷавонмардонаи онҳоро қадр намуда, дастгирии соҳибкоронро дар мадди аввал қарор додааст.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.