Дар қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлии тантанавӣ ва чорабинии идона баргузор гардид.
Дар оғози маҷлиси тантанавӣ раиси ноҳия Файзуллозода Зафар сокинони ноҳияро ба муносибати ин идҳои фархунда табрик намуда, изҳор дошт, “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шӯълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд. Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва дорои ифтихори баланди миллӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари Давлат ба майдон омад.”
Раиси ноҳия дар идома қайд намуд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба дӯш гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон камари ҳиммат барбаст. Дар натиҷаи азму талош ва кӯшишу пайкорҳои бемисли ин шахсияти барҷаста дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва Давлати тоҷикон рафъ карда шуд. Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон — шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Раиси ноҳия дар баромади худ инчунин таъкид намуд, ки бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, инчунин аҳамияти муҳими Иҷлосияи мазкур дар ташаккули низоми давлатдории тоҷикон дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент муқаррар шудааст.
Ҳамчунин дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Амирбеки Темур иштирок намуда, табрикоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам Ҳакимзода Қурбонро ба самъи сокинони ноҳия расонд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консетиро манзури иштирокдорон намуд.