ҲАЙАТИ НАВИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯ ИНТИХОБ ГАРДИД

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия конференсияи XIV худро баргузор намуд.

Баъди интихоби ҳайати раёсати кори Конференсия масъалаҳои рӯзномаи он – дар бораи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия дар ду соли охир, ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ, интихоби ҳайати нави КИ ҲХДТ дар ноҳия, интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотӣ ва интихоби вакилон ба Конференсияи XIV ҲХДТ дар вилояти Хатлон баррасӣ гардиданд.

22_25.jpgИнчунин дар кори конференсия раиси ноҳия Файзуллозода Зафар иштирок ва суханронӣ намуда, вобаста ба аҳамияти нақши ҲХДТ дар эъмори давлатдории тоҷикон, барқарорсозии ҳаёти осоишта ва рушди босуботи кишвар таъкид намуд.

“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият буда, дар ҷомеаи демократии кишвар бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инчунин ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ҳидоят намудани мардум ва баҳри ҳимояи манфиатҳои онҳо пайваста кӯшиш намуда, аъзову ҷонибдорони он дар саросари ҷумҳурии азизамон, махсусан дар ноҳияи Қубодиён дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа иштироки фаъолона дошта, ҷиҳати таъмини ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош варзида бо дасту дили пок дар пешрафту ободии кишвари азизамон саҳми арзанда гузошта, бо боварии комил гуфта метавонем, ки бештари дастовардҳои кишварамон маҳз бо фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иртиботи ногусастанӣ дорад.”-изҳор дошт раиси ноҳия.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.