Гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйипурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо масъулону фаъолон ва раисони эҳтимолии комиссияҳои ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ семинари омӯзишии оид ба масъалаҳои тоинтихоботӣ баргузор намуд.
Дар семинар оид ба масъалаҳои интихоботӣ, тартиби ташкили он дар асоси санадҳои меъёрии амалкунанда таъкид карда шуд.
Ҳамчунин ба фаъолони ноҳия ҷузъиёти ташкили комиссияҳои ҳавза ва участкаҳо, тартиби гузаронидани интихобот барои вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо шарҳ дода шуд.