Дар қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба Рӯзи таъсисёбии милитсияи тоҷик чорабинии идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ноҳия Зафар Файзуллозода тамоми кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия ва собиқадорони соҳаро ба ин муносибат табрик намуда таъмини осудагиву суботи кишвар ва амнияти шаҳрвандонро аз хизматҳои шабонарӯзии онҳо арзёбӣ намуд.
Қайд гардид, ки милитсияи Тоҷикистон аз замони таъсисёбӣ то ба имрӯз ҳамеша посдори сулҳу субот, оромиву осоиштагии мардум, тартибу низом ва кафили боэътимоди давлату миллат ба шумор меравад ва роҳи пуршарафи он дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои зарин навишта шудааст.
Роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия низ кормандони корҳои дохилии ноҳияро ба муносибати иди касбиашон табрик намуда, вобаста ба нақши милитсия дар ҷомеа ибрози андеша намуданд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ ба кормандони шоистаи мақомоти корҳои дохилӣ аз номи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон сипосномаву раҳматнома ва ба муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия Қурбонзода Ҳокимҷон бо медали шоён дараҷаи 3 сарфароз гардонида шуданд. Инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба кормандони арзандаи ин соҳа сипснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуда, ба оилаҳои кормандони фавтидаи милитсия ва собиқадорон кумаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидахотирии ҳозирин бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.