ТАНТАНАҲОИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги ноҳия чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси ноҳия Зафар Файзуллозода сокинони ноҳияро ба муносибати ин сана табрик намуда, изҳор дошт, ки Конститутсия инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад. Вай дар идомаи суханронии худ гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро, ки аз эъломияи ҳуқуқи башар бар меояд, эътироф кард, балки дар боби муайяне ҷой дода, кафолати ҳимояи онҳоро таъмин намуда, забони тоҷикиро забони давлатӣ ва халқро баёнгари сохибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон кард.

11_3.jpgРаиси ноҳия изҳор дошт: “Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки риояи меъёрҳои Конститутсия, эҳтироми қонун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд буда, барои зиндагии озоду осоишта ва рушди мамлакат заминаи асосӣ мебошад”.

Ҳамчунин дар рафти чорабинии тантанавӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Амирбеки Темур суханронӣ намуда, табрикоти раиси вилоятро вобаста ба 25-солагии қабули Конститутсия ба самъи сокинони ноҳия расонд.

Раиси суди ноҳия Саидҷаъфар Мамарасулзода вобаста ба аҳамияти Конститутсия дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандии кишвар сухан намуда, сокинонро ба муносибати таҷлили ҷашни 25-соалгии он табрик намуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ин муносибат ба шахсони арзанда бо нишони қадрдонӣ сипоснома тақдим карда шуд.

Инчунин дар рафти чорабинӣ, изҳор гардид, ки дар арафаи таҷлили ин санаи фархунда меҳнаткашони ноҳия нақшаи дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахтаро сарбаландона иҷро намуданд.

33_5.jpgИн заҳмати меҳнаткашон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Сарраёсати кишоварзии вилоят ва ноҳия қадрдонӣ гардида, як қатор ҷамоатҳои деҳот бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раиси ноҳия бо сипосномаи Сарраёсати кишоварзии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои мусоидат ва дастгирӣ дар иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта ба Сарраёсати кишоварзии вилоят изҳори миннатдорӣ намуда, ба сардори он дар ҳолати тантанавӣ сапоснома тақдим карда шуд.

Инчунин бо қадрдонӣ аз заҳмати меҳнаткашон ва ҷамоатҳои деҳот мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба онҳо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла компютер тақдим намуд.

Бахши фарҳанги ноҳия баҳр болидахотирии ҳозирин барномаи ҷолиби консертиро пешкаш намуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.