ИФТИТОҲИ ДИДБОНГОҲИ САРҲАДӢ ДАР НОҲИЯ

Имрӯз бо иштироки раёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Амрико дар Душанбе ва роҳбарияти ноҳия дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳия дар хати марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иншооти дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуд.

22_23.jpgИншооти дидбонгоҳи сарҳадии “Оқолтин” дорои тамоми шароити корӣ ва маишӣ буда, имконияти фаъолияти пурсамари афсарону сарбозонро доро мебошад. Дидбонгоҳи мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бунёд гардида, ҳадафи он таҳкими назорати сарҳад ва пешгирии қонуншиканиҳои фаромиллӣ мебошад.

Дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳ муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ ТҶ полковник Абдусаттор Шоҳиён сухан намуда, изҳор дошт, ки бунёди чунин иншоот имкон медиҳад, ки сарҳадбонон фаъолияти худро дар самти назорати хати марз пурзӯр намоянд. Ҳамчунин номбурда дар идомаи суханронӣ ба намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе барои ҳамкориҳои судманд дар самти тақвияти амнияти марз изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон барои пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуб, ки барои ҷомеаи ҷаҳон хатарзо мебошад, тамоми кӯшиши худро равона месозад.

33_4.jpgДар идома намояндаи Сафорати Амрико Ҷон Гинкел вобаста ба чорабинии мазкур изҳори назар намуда, қайд намуд, ки кишвараш барои ҳамкориҳо дар самти таҳкими амният ва субот дар саросари ҷаҳон ҳамеша омода мебошад.

Раиси ноҳияи Қубодиён Зафар Файзуллозода таъсиси чунин дидбонгоҳро, ки дорои тармоми шароити корӣ ва маишӣ мебошад, натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои таҳкими амният ва субот дар минтақа муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки сарбозони тоҷик дар иҷрои ин амр ҳамеша омода мебошанд.

Қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат имрӯз барои хизматчиёни ҳарбӣ тамоми шароит фароҳам оварда шуда, таъминоти моддию маишии сарбозон ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад.

44_0.jpgСипас меҳмонон аз шароити корию маишии афсарону сарбозон дидан намуда, аз вазъи будуу боши онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ барои сарбозон дастархони идона ороста шуда, баҳри болидахотирии онҳо барномаи ҷолиби фарҳангӣ доир баргузор карда шуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.