Сипосгузории Ятимов аз сокинони ВМКБ ва тавсифи ӯ аз вазъияти осуда дар вилоят

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал – полковник Саймумин Ятимов беш аз як ҳафта бо сафари корӣ дар ВМКБ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ба иттилои котиботи Мақомоти иҷроияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Ятимов аллакай давоми чанд рӯз бо як қатор фаъолону ҷавонон ва сокинони ноҳияиҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуд.

Манбаъ меафзояд, ки раиси КДАМ Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ду соли вазъияти амниятии вилоятро муқоиса намуда, изҳор намудааст, ки дар қиёс бо моҳи октябри соли гузашта авзои вазъият дар Бадахшон феълан хеле мӯътадил гаштааст.

Иҷрои нақшаи даъвати наваскарон тайи ним рӯз дар навоҳии ВМКБ

Гузашта аз ин генерал Ятимов аз иҷрои бармаҳали даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар ВМКБ изҳори хушнудӣ намуда, арзи сипоси раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба мардуми вилоят расонд.

Саймумин Ятимов аз пайвастани ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгаро махсус ёдовар шуд ва таъкид намуд, ки баҳри устувории суботи ҷомеа ҳамкории тамоми сохторҳо бо мардум натичаи бисёр хубе ба бор меорад.

Аз бурди грин-корт то таҳдид ба волидон: дар Маскав финали Лигаи КВН Помир баргузор шуд

Ў ба мардуми Бадахшон барои иқдоми шоистаашон барои саҳми арзанда дар барқарор намудани низому тартибот ва волоияти қонун арзи ташаккур кардааст.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.