Дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи 2-юми вилояти Хатлон бозӣ байни дастаҳои “Пахтакор”-и ноҳия ва “Барқ”-и шаҳри Норак баргузор гардид.
Дар қисми якуми бозӣ, ки дар вразишгоҳи марказии ноҳия баргузор гардид, бозигари дастаи “Пахтакор” таҳти рақами Соҳибов Меҳрон ба дарвозаи ҳариф ду гол ворид намуд ва ин қисмат бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи “Пахтакор” поён ёфт.
Зайнуллозода Фирдавс дар қисмати дуюм ду голи дигар ба ҳисоби дастаи “Пахтакор” зам намуд ва ҳарифон фурсати тағйири ҳисоби худро наёфтанд ва бо ҳамин бозӣ бо ҳисоби умумӣ 4:1 ба фоидаи дастаи “Пахтакор” ба поён расид.
Гуфта мешавад, ин панҷумин бозии дастаи “Пахтакор” дар марҳилаи дуюми лигаи дуюм буда, бозии навбатиро “Пахтакор” бо дастаи “Чашма”-и ноҳияи Шаҳритуз 22 октябр дар меҳмонӣ доир мекунад.