Дар назди қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба иди Меҳргон ва озмуни ҷумҳуриявии “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам” як қатор чорабиниҳо баргузор гарид.
Дар саҳни қасри фарҳанг намоиши маҳсулоти кишоварзӣ – ҳосили рӯёндаи имсолаи деҳқонон ба намоиш гузошта шуда, сокинон даста – даста аз ин намоиш дидан намуданд.
Ҳамчунин соҳаи агротехника низ техникаи кории кишоварзиро ба маърази тамошо гузошта, омодагии худро барои гузаронидани кишти тирамоҳӣ эълон намуданд.
Дар баробари ин, ташкилоту муассисаҳо дар доираи озмуни “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам” маҳсулоти дастӣ пӯхтаи худро ба намоиш гузошта, дастони моҳири кадбонувон тамошобинонро дар ҳайрат гузошт.
Сипас аз рӯйи хулосаи масъулон ғолибони озмуни “Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам” ва пешқадамони соҳаи кишоварзӣ муайян карда шуда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҷамоати деҳоти Заркамар саривақт нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро намуда, ҷойи якумро сазовор гардид. Ҷамоатҳои деҳоти Навобод ва ба номи Уақара Назаров ҷойҳои дуюм ва сеюмро мутаносибан ишғол намуанд.
Раиси ноҳия дар ин чорабинӣ сокинони ноҳияро ба муносибати иди Меҳргон табрик намуда, изҳор дошт, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии худ овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад.
Дар хотима бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертии театрикунонидашудаи худро пешкаши ҳозирин намуд.