(ё худ чи тавр надоштани фарҳанги сиёсӣ боиси шикасти мухолифин дар Варшава шуд)
Муқаддима
Муборизаҳои сиёсӣ дар масири ташаккул ва рушди давлатдории миллатҳо ва халқиятҳои гуногун раванди маъмулие мебошад, ки дар доираи он қувваҳои гуногуни сиёсӣ метавонанд, пеш аз ҳама, ба нерӯ ва обрую мақоми худ дар ҷомеа боварӣ ҳосил намуда, дар ин замина нақшаҳои минбаъдаи худро тарҳрезӣ намоянд. Маҳз ҳамин аст, ки дар раванди муборизаҳо технологҳои сиёсӣ қадамҳои тактикӣ ва стратегиро муайян намуда, вобаста ба он низоми муайяни арзиширо коркард намуда, тавассути он баҳри ба даст овардани эътимоди ҷомеа талош мекунанд. Дар натиҷа ҳар неруе, ки дар самти барномарезии фаъолият ва коркарди механизмҳои самарабахши таъсиррасонӣ муваффақ мешавад, метавонад ба муваффақияти комили худ эътимод пайдо кунад.
Ҳамзамон бо ин, ба инобат гирифтан зарур аст, ки субъекти асосии ҳама гуна мубориза маҳз шахсиятҳои фаъоле мебошанд, ки мақсаднок ва ҳадафмандона ба ин ё он неруи сиёсӣ мепайванданд, дар доираи умумияти ғоявии он мавқеи худро меёбанд, низоми арзишии онро эътироф мекунанд ва дар ҳамин доира бо риояи шакли ташаккулёфтаи фарҳанги сиёсӣ муборизаи сиёсиро пеш мебаранд. Инҳо қадамҳои зарурие мебошанд, ки риояи ҳатмии онҳо метавонанд муборизаи сиёсиро шакли муайян бахшида, баҳри рушди бонизоми ҷомеа мусоидат намоянд. Яъне, дар доираи талаботҳое, ки низоми демократияи муосир тақозо менамояд, бояд мухолифату зиддиятҳои сиёсии дар ҷомеа мавҷуда дар доираи фарҳанги муайяни сиёсӣ ҳаллу фасли худро ёбанд. Ҳарчанд мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки «демократияомӯзон» ҳам худ дар мавридҳои зиёд ин нуқтаи назариявиро сарфи назар мекунанд. Дар натиҷа заифии ҷонибҳо маълум гашта, эътимоди ҷомеа ба ҳақиқати фаъолияти онҳо ва воқеияти мақсадҳои сиёсиашон коста мегардад. Маҳз ҳамин хулоса аз натиҷаи баргузории машварати Варшава оид ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон ба вуҷуд омад, ки ҷанбаҳои заиф ва аллакай корношоями муборизаи ба ном мухолифинро дар хориҷи кишвар ошкор ва сарпарастони онҳоро руҳафтодаю дилхунук намуд.
Фарҳанги гӯш кардан надоштан…
Яке аз ҷанбаҳои муҳимме, ки дар тасвири психологии ҳарифи сиёсӣ нақши бориз дорад, ин мушоҳида ва баҳодиҳӣ ба ҳолати рӯҳии он мебошад. Равоншиносон собит намудаанд, ки эҳсосоти баланд нишонаи нооромии асаб буда,шахси эҳсосотӣ дар қабули қарор доимо ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Аз ин рӯ, хислати эҳсосотиро дар доираи шаклҳои гуногуни фарҳанги сиёсӣ ҳамчун намунаи манфӣ ва зараровари рафтору муносибат баҳогузорӣ намуда, имиҷмейкерҳои қувваҳои гуногуни сиёсӣ доимо кушиш мекунанд, ки маҳз ҳамин хислат аз чашми ҷомеа пӯшида бошад. Зеро ҳолати эҳсоси баланду ҳаяҷон хоси нафароне ҳаст, ки ба қувваи ботинии худ боварӣ надоранд.
Маҳз ҳамин ҳолат дар рафтори мухолифини ғарибафтодаи мо баръало эҳсос карда мешуд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки раванди ширкат ва суханронию мубоҳисаҳо оид ба масъалаҳои баррасишаванда аз ҷониби онҳо то ба охир дарк нашуда буданд. Дар натиҷа саволҳо ва масъалагузориҳо бемантиқу бемаънӣ,бе ташаккули фикри дуруст, ки барои шунаванда фаҳмо бошад, садо доданд. Аз диди таҳлилӣ, шакли рафторе, ки дар ҷараёни иштироки онҳо мушоҳида гашт, бозгуи сатҳи бениҳоят пасти фарҳанги сиёсӣ буд. Ташкили чорабинии ҳошиявӣ, ки дар як толори қариб холӣ бо «раисии» хонуми Ҳумайро сурат гирифт саҳнаи ҳаҷвии ҳачвнигорони шинохтаи гурӯҳи «Ғарибшоро» мемонд, ки ҳар лаҳза сад саволро мегузоштанду, «хап» гуфта имконияти гап заданро намедоданд. Ҷараёни саволу ҷавобҳои бо Абдуллоҳи Роҳнамо ташкилкарда чеҳраи ин сиёсатбозони навбаромадро ба пуррагӣ кушода дод. Кабирӣ чун ҳарвақта картаи маҳбусонро ба кор андохта, бегуноҳии худро дар назди наздикони ҳаммаслакони худ, ки бе ягон ибо онҳоро фурухта, имрӯз барои худ сарпаноҳи амн пайдо кардаасту гуё аз онҳо дифоъ мекарда бошад, собит кардани мешуд. Фарзанди М.Ҳайит бо номи Фирӯз бошад, иброз мекард, ки оилаи онҳо таҳти назорат ва фишор қарор дораду ӯ аз ҳамин сабаб ба Аврупо фирор кардааст. Мантиқи аҷиб! Агар оила ва наздикон таҳти фишору назорат қарор дошта бошанд, пас Фирӯз чи хел фирор кард? Ё назоратчиёнро ғанаб бурд? Агар воқеан ҳам назорату фишор мебуд, аз ҳудуди давлат ҳаргиз берун рафта намешуд. Изҳороте, ки мубтадояш бо хабараш мувофиқ нест. Албатта, аз руи фарҳанги одии инсонӣ мо дарк мекунем, ки маҳбуси якумра шудани як нафар аъзои оила ин фоҷиаи на танҳо як оила, балки як авлод аст. Вале ҳаргиз набояд имкон дод, ки дигарон аз фоҷиаи шумо барои худ «ид» ороянд. Ҷавонӣ, мафкураи паст, бесаводии сиёсӣ, таҷрибаи ками зиндагӣ, надоштани мавқеи устувори сиёсии як нафар бозингари бетаҷриба собит намуд, ки ин тим сари калобаашро гум кардаасту имрӯз ба умеди наҷот охирин хаси руи обро ҳамчун заврақи наҷот қабул карданӣ мешавад. Умуман, надоштани фарҳанги гуш кардан, сенарияи бемантиқи пешбурди «ҷаласа», баромадкунандагони нотайёр ва бемақсади муайян, модерайтори бетаҷриба, додани саволҳои зиёду набудани хоҳиши гӯш кардани ҷавоб ва манманиҳои худписандона (дар назар аст Шарофиддин Гадоев, ки чун ҳамешагӣ аз худ қурбонию қаҳрамон метарошид) нишонаи он аст, ки ин туда на қувваи мухолифини сиёсианду на ҳарифи сиёсӣ ба Ҳукумати имрӯза. Зеро дар ҷаҳони мутамаддин мухолифини сиёсӣ ё худ оппозитсия ин неруи муташаккилест, ки бо риояи фарҳанги баланди сиёсӣ ва барномаи мукаммали фаъолият ба арсаи сиёсат меояд, на бо ташкили саҳначаҳои ҳаҷвӣ.
Мавзуи баҳси сиёсиро дарк карда натавонистан
Масъалаи дигари муҳимме, ки фарҳанги мубоҳисаҳои сиёсӣ тақозо менамояд ин дарки дурусти мавзуи баҳс аст, ки барои ҳалли дилхоҳ масъалаи сиёсии мавҷуда мусоидат карда метавонад. Ҳамчун як нафар шаҳрванди одӣ иброз менамоям, ки агар дар муколамаҳои сиёсӣ мавзуи бахс аз ҷониби иштирокчиёни он дуруст дарк карда нашавад, ин муколама муколамаи сиёсӣ нею, балки маҳфили ҳарзагуён мешавад, ки ягон натиҷа ба бор оварда наметавонад. Суханронии Ш.Гадоев дар ҷаласае, ки ба масъалаҳои рушди демократия бахшида шуда буд, маҳз шабеҳи латифаи маъмули тоҷикӣ дар бораи суҳбати ду кар буд. Вобаста ба риоя накардани мавзуи суҳбат, барандаи маҷлис якчанд маротиба ба ӯ эрод гирифт, ки дар доираи мавзуъ гап занад. Вале ӯ ҳамоно ҳамон як сухане, ки ба мавзуъ умуман рабт надошту, нолаи бевазани ҳамсояро мемонд, такрор ба такрор баъди чанд маротиба боздоштани суханронӣ низ идома медод. Ин амал бори дигар собит намуд, ки ҳадаф ва мақсади сиёсӣ нест, балки ғарази сиёсӣ аст, ки бояд дар нақше онро баён созад. Афсус! Сад афсус, ки воқеан ҳам ғараз дари дилу дидаҳоро мебастаст, ки дар натиҷа инсон қудрати худбаҳодиҳӣ ва номусу нангро ҳам аз даст медодааст.
Ин ҷаласа сатҳи донишу маърифат, шуур ва фарҳанги сиёсии ин сиёсатбозро муайян намуд. Агар сатҳи зарурии дониш ва мақсаду ҳадафи муборизаи сиёсӣ мебуд, ҳанӯз дар якум маротиба боз доштани суханрониаш ӯ риштаи суханро ба ҷониби масъалаи баррасишаванда бармегардонду эродро бо риояи эҳтироми мубоҳиса қабул мекард. Вале ӯ ҳамоно чун қаҳрамони латифаи зикргардида чашм аз коғаз ноканда, сухани худро идома медод. Ин амал бори дигар собит намуд, ки фарқият байни мафҳумҳои «сиёсатмадору» «сиёсатбоз» замину осмон будааст. Оё бо чунин сатҳи донишу маърифат метавон худро мухолифини ҳокимият ва сиёсатмадоре номид, ки имрӯз ҷаҳон ташаббусҳояшро дастгирӣ мекунад. Дар ҳолате, ки дар мавзуи кучаки сиёсӣ дар давоми ду дақиқа баҳс карда наметавонӣ. Ин бошад бори дигар собит намуд, ки воқеан ҳам мубориза бо душмани доно шараф аст, на бо тудаи номуташаккиле, ки мубориза бо ӯ мояи шараф нест.
Дар доираи муайяни арзишҳо фаъолият набурдан
Яке аз омилҳои муҳимме, ки муваффақият ва сарҷамъии дилхоҳ иттиҳодро таъмин мекунад ин дар доираи муайяни банизомдаровардашудаи арзишҳо фаъолият бурдани онҳо мебошад. Зеро маълум аст, ки маҳз тавассути онҳо инсон ва гурӯҳхои сиёсию иҷтимоӣ рафтори худро дар қолаби муайян тарҳрезӣ ва амалӣ намуда, ҳатто шаклҳои фарҳанги сиёсӣ ҳам дар заминаи арзишҳои муайян тасниф карда мешаванд. Вобаста ба ин, ҳар як нерӯ ва гурӯҳи сиёсии ба муборизаҳои сиёсӣ воридшаванда бояд кӯшиш намояд, ки бе ба инобат гирифтани ин омили муҳим вориди саҳнаи сиёсат нашавад. Зеро бе ин аслиҳаи муҳим вориди муборизаи сиёсӣ шудан маънои надоштани хиради сиёсӣ ва бо манҷаниқ ба ҷанги ядроӣ рафтанро дорад.
Баръакси ин зарурат дар нишасти Варшава ба мушоҳида расид, ки боиси ба намоиш гузоштани заъфи сиёсатбозони ба ном мухолиф гардид. Надоштани доираи муайяни муқаддасоту арзишҳо, пеш аз ҳама, дар он аён гардид, ки рафтори сиёсии онҳо хусусияти авбошона, худсарона, иғвоангезона дошта, дар гуфтаҳояшон умуман мантиқ дарк карда намешуд. Ғаразҷуйӣ ва озурдагии шахсӣ баръало ҷойи мубоҳисаҳои сиёсии мақсаднокро гирифта, сарсарӣ ва бе асоснокунии далелнок пешниҳоди матлабҳо нишонаи он буд, ки ин тудаи мусофир ягон низоми арзишии муайян надорад, яъне намедонанд, ки чиро парастиш кунанду чиро инкор. Номуайянии арзишӣ нишонаи он аст, ки онҳо ҳамчун қувва ҳанӯз ташаккул наёфтаанду намедонанд, ки кадом иқдому ташаббус ва пешниҳод ба дарди ҷомеа бархӯрда метавонад. Аз ин хулоса ҳамин аст, ки муҳити бегонаи иҷтимоӣ онҳоро ба буҳрони арзишӣ мувоҷеҳ намудааст. Яъне, натавониста истодаанд, ки арзишҳои як вақт дар вуҷудашон бударо ҳифз намоянд ва ҳамзамон, онҳоро дар муҳити нав ва шароити нав таҳким бахшанд. Зеро қонунияти омезиши арзишҳо имконият намедиҳад, ки дар муҳити нави бегонаи иҷтимоӣ дар шароити ғуломии ғоявӣ онҳоро инкишоф дод. Дар натиҷа шикасти мафкуравие ба вуҷуд омадааст, ки барои дарёфти мавқеи муайян монеаҳои ҷиддӣ мавҷуданд.Пайгирии арзишҳои наҳзатӣ, ки имрӯз ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шудааст, дар Аврупои дунявӣ ба муваффақият намерасонад. Таъсиси Паймони беаҳдон, ки аслан ҷавҳаре надорад, дар ҷомеаи Аврупо мавқеъ пайдо карда натавониста истодааст. Гурӯҳҳои дигари масхарабозону гирифторони бемории худхоҳӣ дар чаҳорчубаи Паймон нағунҷида, худро 24-иҳо эълон мекунанд, ҳеҷ обрӯ ва эътибор надошта, шахсияти дурусте надоранд, ки онҳо ақаллан муаррифӣ кунанд. Пас, бо ашхосе, ки ягон арзиш ва низоми арзишӣ ва муқаддасоте барои худ надоранд метавон хамраъй шуд? Ҳаргиз не. Бовар дорам, ки хонандаи закӣ бо ин фикр розӣ мешавад.
Ба ҷойи хулоса
Нишасти Варшаваро ба ростӣ ҳамчун таҳлилгар интизорӣ доштам. Зеро соли гузашта ин нишаст боиси шуру ҳангомасозиҳои зиёд гашта, баҳри ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шиносонидани чеҳраи «мухолифи нави сиёсии Тоҷикистон дар хориҷ» талошҳо ҳам карда буд. Ҳисси кунҷковӣ маҷбур мекард, ки рушди минбаъдаи ин равандро мушоҳида намоям. Фикр мекардам, ки як соли ҳангомасозӣ ва дар зери мусиқии бегонагон рақскунӣ ин сиёсатбозони моро хело сабзонидааст. Вале нишасти имсола воқеан ҳам парда аз руи ҳама ин бозиҳо бардошт ва қудрати аслии ин даъвогарони ҳокимиятро баръало намудор кард. Яъне, ҳамчун як шахси одӣ мегуям,ки «Нашудед». Агар бозингаред,аввал қоидаҳои бозиро ба хубӣ омӯзед! Агар маҳбуси ғоявии зиндони нафсед, манфиататонро муайян кунед!
Бо иғвою дасиса наметавон дар шароити имрӯза имиҷ сохт, антиқтараш чеҳраи сиёсӣ гашт. Ин тудаи ашхос дар давоми сол обрӯ не, балки кулбаи қартагие сохт, ки боди андак онро ба фано бурд. Надоштани фаросати сиёсӣ, эътироф накардани қувваи аслии хеш, надоштани эҳтиром ба ҳамватани худ дар мулки бегона, инкори арзишҳои умумипазируфтаи инсонӣ амалҳое буданд, ки чеҳраи манфури онҳоро боз ҳам манфуртар кард.
Нолиши Кабирӣ аз муколама накардани Ҳукумат бо онҳо нишонаи он аст, ки бо ҳамин роҳ эътироф мехоҳанд. Оё метавон дар тарозуи сиёсӣ ин тудаи ашхосро лоиқи муколама донист, дар ҳолате, ки худ намедонанд, ки чӣ мехоҳанд. Худи иштироки ҳайати Ҳукумат дар ин нишаст як имконияти мусоиди муколама буд, агар фарҳанги сиёсӣ мебуд аз ин истифода бурда мешуд. Вале ҳайҳот.
Баръакси ҳама иғвоангезию дасисабозиҳои ин гурӯҳи ашхос ҳайати ҳукуматӣ сатҳи баланди маърифату фарҳангӣ сиёсӣ, таҳаммулпазирии сиёсӣ нишон дода, бо сари баланд баргаштанд.
Зафар Мирзоев
Устоди Коллеҷи тиббии ш. Бохтар