БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ҚУБОДИЁН

Дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 1 октябри соли 2019, тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардида дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия баргузор гардид.

Дар кори маҷлис аъзоёни Кумитаи иҷроия, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, раиси ноҳияи Қубодиён муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло, муовинони раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, вакилони маҷлиси халқи ноҳия, фаъолони ҳизбӣ, роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.

22_22.jpgДар маҷлиси Кумита ду масъалаи асосӣ – масъалаи якум “Оид ба рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои деҳот ва баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ” ва маъалаи дуюм оид ба “Ташкил ва баргузор намудани конференсияи XVI Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён ва тасдиқи ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Қубодиён” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо дарназардошти рафти корҳои омодагӣ ба маъаракаи интихобот ҷадвали баргузории маҷлисҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизби тасдиқ ва қарор карда шуд, ки Конференсияи XIV Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён санаи 15 ноябри соли 2019 баргузор гардад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.