Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии омӯзгорон дар толори қасри фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода ҳозиринро ба муносибати ин ҷашнҳои миллӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки ба њам тавъам омадани таљлили рўзи забони давлатї ва иди касбии омўзгорон басо рамзї буда, дар ташаккул ва рушди забони давлатї наќши ањли зиё, махсусан омўзгорон назаррас мебошад. Раиси ноҳия дар баромади худ қайд намуд, ки омўзгор дар мењвари соњаи илму маориф ќарор дорад ва сатњу сифати дониши насли наврас ва алалхусус риояи талаботи имлоии забони давлатї аз донишу таљриба, малакаву мањорати касбї, усули таълим ва дигар пањлўњои фаъолияти шахсии омўзгор вобастагии зич дорад.
Сипас раиси ноҳия аз омӯзгороне, ки дар тарбияи насли наврас, ба воя расонидани кадрҳои баландихтисос саҳми босазо гузоштанд, изҳори миннатдорӣ намуда, ба шахсони сазовор аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сипоснома тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи ҷолиби консертӣ пешниҳо намуд.