Дар саҳни Комиссарияти ҳарбии ноҳия ба муносибати сафарбарнамоии даъватшавандагон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими гусели наваскарон бо иштироки масъулон ва падару модарони даъватшавандаҳо баргузор гардид.
Муовини якуми раиси ноҳия Алиҷон Тоҷиев зимни суханронӣ ҷавонони бонангу номуси ноҳия барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар – Ватан, баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳиммат баста, бо хоҳиши худ ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд. Вай изҳор дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҳаёт аст, зеро онҳо маҳз дар давраи хизмати аскарӣ имкон доранд, ки моҳияти мафҳумҳои Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Дар рафти чорабинӣ чун анъана маросими гулчагазон бо иштироки модарон ва пайвндони наваскарон зери навои “Аскарбача” баргузор карда шуда, дар поёни чорабинӣ баҳри болидахории ҳозирин барномаи ҷолиби консертӣ доир карда шуд.