Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори қасри фарҳанг даври ноҳиявии маҳфили “Мавлавихонӣ” аз осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.
Иштирокчиёни маҳфил аз осори гаронбаҳои Мавлоно қироат намуда, бо истифода аз достонҳои “Маснавии Маънавӣ” саҳначаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар чорабинӣ оид ба тарҷқмаи ҳол ва фаъолияти ин шахсияти бузурги Шарқ маълумот дода шуд.