Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи 20-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати панҷум баргузори гардид.
Дар иҷлосия, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода баргузор гардид, рафти иҷрои барномаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ ва рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” баррасӣ гардид.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти амалишавии масъалаҳои мазкур ва ҷоннок намудани талабот дар ин робита ба масъулин супоришҳо дода шуд.
Дар нори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Амирбеки Темур иштирок ва суханронӣ намуд.