Дар доираи чорабиниҳои ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳашарҳои умумии тозагӣ ва ободонӣ бо иштироки кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон баргузор гардид.
Дар ин маъракаи ободонӣ боғи фароғатӣ, кӯчаву гузаргоҳҳо, ҷӯйборҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар маркази ноҳия азалафҳои бегона ва партобҳо тоза карда шуда, дар деҳот сокинон девору дарвозаҳо ва атрофи манзилҳои истиқоматиро рангу бор намуда, заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуданд.
Бояд закр намуд, ки баҳри омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнҳои дарпешистода аз тарафи сокинон пайваста ҳашарҳои умумии тозагӣ доир карда шуда, симои маркази ноҳия ва деҳот рӯз аз рӯз ҳусни тоза гирифта, бунёд гардидани иншоотҳои нав ба ноҳия намои дидании тоза мебахшад.