Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳия баргузор гардид

Таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода ҷаласаи Шӯрои ноҳиявии мутобиқсозию методӣ оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳия бо иштироки аъзои Шӯро – роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор ва даъватшудагон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи Шӯро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, узви Шӯрои вилоятӣ Исозода .. сардори Раёсати маорифи вилоят иштирок ва суханронӣ намуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар кори Шӯро масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва баргузор намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ баррасӣ гардиданд.

22_19.jpgРоҷеъ ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа гузоришҳои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Сафаралӣ Раҳимов ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Ҷӯрабек Назаров шунида шуд.

Ҳамчунин оид ба баргузории вохӯриву мулоқот бо аҳли ҷамоат, ташкилоту муассисаҳо, инъокос намудан тавассути васоити ахбори омма вобаста ба шарҳи мазмуну мӯҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” нотариуси давлатии Идораи нотариалии давлатии ноҳия Холматов Шавкат суханронӣ намуда, аъзои Шӯро роҷеъ ба масъалаҳои баррасишуда фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.