ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР НОҲИЯ

Сокинони ноҳияи Қубодиён ҷашни Садаро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва рӯҳи болида пешвоз гирифта, ба ин муносибат дар назди қасри фарҳанги ноҳия чорабинии идона бо намоиши ҳунарҳои марумӣ ва ярмаркаи ниҳол ва гулу буттаҳо баргузор гардид, ки дар он аз тамоми гӯшаву канори ниҳоя сокинон ҷамъ омада, аз намоиши маҳсули дастони ҳунармандони ноҳия дидан намуданд.

Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Қубодиён, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзуллозода Зафар Хайрулло иштирок намуда, ҳозиринро ба ифтихори ин ҷаши қадимаи миллӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳорро оварда, деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамояд.

Ҳамзамон раиси ноҳия дар баромади худ қайд намуд, ки соли равон аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст ва баргузор намудани ҷашни Сада имкони намоиш ва ривоҷ додани ҳунарҳои мардумиро ба вуҷуд меорад.

Ҳамчунин раиси ноҳия аз намоиши маҳсулоти хоҷагии ҷангал ва ниҳолпарварӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, ба ҳунармандон ҷиҳати густариш додани касби худ дар доираи имкониятҳои мавҷуда тавсия дод.

Барномаи рангини бахши фарҳанги ноҳия хотимабахши ин чорабинӣ гашт.

20180128_103418.jpg20180128_101554.jpg

 

 

 

 

 

DSC00139.JPG20180128_101707.jpg

 

 

 

 

 

 

20180128_101634.jpg20180128_101028.jpg

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.