ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ БАХШИДА БА ИДИ САДА

Ҳозирини гиромӣ, Дӯстони азиз!

Ҷамъомади имрӯзаи мо ба хотири таҷлили яке аз ҷашнҳои қадимии ниёгонамон мебошад, ки он Иди Сада ном дорад.

Ба ин муносибат Шуморо, ҳамдиёрони азиз табрик ва муборакбод гуфта, бароятон дар остонаи ин ҷашни қадимии миллӣ бурдборӣ ва комёбиҳо орзумандам.

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31 - уми январ рост меояд.   

    Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо, ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини зардуштӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашну идҳои миллӣ дубора эҳё гардида, таҷлили онҳо дар сатҳи милливу давлатӣ барқарор гардид.

Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар қайд намуданд, ки: Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат карданд.

Ҳамзамон дар Паёми худ сарвари давлат соли 2018-умро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда, барои рушду тараққиёти минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила беҳтар гардонидани сатҳи зисту зиндагонӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав замина гузоштаанд.

Додани имтиёз ба ҳунармандон ғамхории Сарвари давлат нисбат ба сокинони кишвар мебошад.

Намоиши имрӯзаи ҳунарҳои мардумӣ, ки маҳсули дасти ҳунармандони ноҳия мебошанд, моро огоҳ менамояд, ки дар ҳақиқат дар ноҳия ҳунармандон зиёд буда, барои рушд додани ҳунари худ аз тамоми имкониятҳо бархӯрдор мебошанд.

Хусусияти дигари ин ҷашн дар он аст, ки он мисли Наврӯз мардумро аз хотимаёбии фасли сармо дарак дода, аз омадани ҳавои муносиб ва оғози мавсими кишту кор муждагонӣ медиҳад.

Ҳамин тариқ ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои мавсимию маросимии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ниёгони тоҷикон буда, он ҳамчун рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва рафтани нимаи зимистон буда, ба мардум муждаи нахусти баҳорро оварда, деҳқононро барои кишту кори саҳро омода менамояд.

Дењқонони ноҳия имрўз ҷиҳати иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзї љиду љањд намуда, интизори рӯёндани ҳосили фаровон мебошанд. Намоиши имрӯзаи навниҳол ва гулу буттаҳо ба ин мақсад мебошад, ки ба ин восита эҳтиёҷоти мардум ба маҳсулоти кишоварзӣ ва боғдорӣ, ки шуғли асосии сокинони ноҳия маҳсуб меёбад, таъмин карда шавад.

Ҳамзамон баргузории чорабинии имрӯза ба хотири тарғиб ва ташвиқи сокинон ба корҳои ободониву созандагӣ ва бунёдкорӣ, аз ҷумла бунёди боғ, ки иқлими ноҳияамон ба он муносиб мебошад, сурат мегирад.

Ҳамватанони азиз!

DSC00174.JPGҶашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантана ва шукӯҳи тамом, истиқбол мегардид. Ва бузургони илму адаби мо, чун Фирдавсиву Анварӣ, Манучеҳриву Фаррухӣ ва дигарон дар васфи ин ҷашни миллӣ осори пурарзиш эҷод кардаанд.

Дар охир бори дигар Шуморо ба фарорасии ҷашни Сада самимона табрик гуфта, бароятон дар корҳои ободонӣ ва оғози мавсими нави фаъолият, барору комёбӣ орзу намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо тинҷиву амонӣ, бахту саодат ва рӯзгори шоистаро таманно дорам.

Саломату сарбаланд бошед!

Миёна: 3.5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.