Бо мақсади ҷалби сокинон ва пахтакорон ба ҷамъоварии ҳосили дар саҳробудаи пахта бо ибтикори мақомоти иҷриояи ҳокимияти давлатии ноҳия беш аз 150 нафар фаъолон ва кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия дар аксияи таҳти унвони “Ҳама ба пахтачинӣ” иштирок намуданд.
Маъракаи ҷамъоварии чиниши пахта аз ҷониби фаъолон бо иштироки раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода дар Кооперативи истеҳсолии “Авесто” баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ қайд гардид, ки дар саҳро ҳанӯз ҳосили пахта зиёд буда, масъулин ва пахтакоронро зарур аст, ки бо истифода аз боду ҳавои муносиб ҳосили пахтаро ҳарчи зудтар ҷамъоварӣ намоянд.
Қобили закр аст, ки то имрӯз пахтакорони ноҳия тибқи омори расмӣ беш аз шаш ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 35 дарсади нақшаи дурнаморо дарбар мегирад.
Аз ҷумла Кооперативи истеҳсолии “Авесто” то имрӯз 640 тонна пахта супоридааст.
Гуфта мешавад, Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии “Авесто” дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, дар масофаи 40 километрӣ аз маркази ноҳия ҷойгир буда, масоҳати умумии заминҳои кишти он 3 ҳазору 782 гектар, аз ҷумла 924 гектари онро замини корами обӣ ташкил медиҳад.
Самти асосии фаъолияти Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии мазкур пахтакорӣ буда, соли равон дар майдони 720 гектар кишти шаш навъи пахтаро гузаронидааст.
«Авесто» дар баробари истеҳсоли пахта кишти дигар намуди зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, ҷави баҳорӣ, картошка, маҳсулоти полезӣ, маккаҷуворӣ барои силос, боғи зардолуву ангур ва истеҳсоли пилларо ба роҳ монда, кишт ва истеҳсоли маҳсулоти болозикр дар соли 2019 аз дурнамо барзиёд иҷро гардид.