ШОД БОДО РӮҲИ ТУ, АЙ РӮДАКӢ. МАҲФИЛИ “РӮДАКИХОНӢ” ДАР НОҲИЯ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қасри фарҳанг бахшида ба рӯзи гиромидошти маликушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Рӯдакихонӣ” баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беҳтарин қироатгарони осори сарвари шоирон, ки дар даври ҷамоатии маҳфил дар марказҳои фарҳангию фароғатии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот интихоб шуда буданд, иштирок намуданд.

20190921_104942.jpgҲамчунин иштирокдорон ба таври композитсионӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти одамушшуаро баромад намуда, ба ҳозирин дар ин бора маълумоти кофӣ пешниҳод карданд.

Ҳамзамон доираи адабии ноҳия низ дар ин маҳфил ширкат намуда, эҷодиёти худро дар васфи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қироат намуданд.

Аз ҷумла шоир ва фаъоли ноҳия Саидмӯъмин Маҳмудов дар васфи устод Рӯдакӣ чунин шеърро бахшидааст:

 

Шуҳрати Сомониён бардоштӣ,

Дар ҷаҳон тухми насиҳат коштӣ.

Неку меросе зи худ бигзоштӣ,

Шод бодо рӯҳи ту, ай Рӯдакӣ.

Чун намудӣ шоиронро сарварӣ,

Рафт боло шуҳрати шеъри дарӣ.

Дар бузургӣ аз ҳама болотарӣ,

Шод бодо рӯҳи ту, ай Рӯдакӣ.

Гуфтаӣ панди накуву дилписанд,

Чанд байте монда аз ту бегазанд.

Шеърро мондӣ ба курсии баланд,

Шод бодо рӯҳи ту, ай Рӯдакӣ.

Гар замона чашмҳоят кӯр кард,

Гар туро аз зодгоҳат дур кард.

Лек ашъорат туро машҳур кард,

Шод бодо рӯҳи ту, ай Рӯдакӣ.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.