Амалҳои террористӣ ва экстремистӣ дар дунё сол аз сол зиёд гардида, ба одамони равшанфикр лозим меояд, ки муборизаро бар зидди ин душманони сулҳу Ваҳдат чандинкарат зиёд намоянд. Дар соли сипаришуда, таъкид намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африко ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гушаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои таррористӣ нагарданд. Ин сухани ҳақ аст. Тоҷикистони азизамон амалҳои террористӣ ва экстеримистиро аз сар гузарониданд ва онҳо дар бораи баробарӣ, бародарӣ, озодии суханрондаи худашон бар зидди ин хислатҳои олии инсонӣ амалҳои террористӣ мекунанд.
Аз тарафи онҳо ба қатл расонидани 10 нафар журналистони Тоҷикистон далели ин корҳои машъум мебошанд. Ҳатто мухбири телевизиони ҷамъиятии Руссия (ОРТ) Виктор Никулин бо супориши собиқ ҷонишини вазири дифоъи Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Назарзода 28.03.1996 аз тарафи аъзои фаъоли ҲНИТ Аҳтам Тоҳиров кушта шуда буд. Ба касофати аъзоёни ҲНИТ ҷумҳурӣ ба миллатҳо ва маҳалҳо ҷудо гардид. Дар натиҷа тоҷикони мамлакат ба ҷанубу шимолӣ, кӯлобиву ғармӣ бадахшониву зарафшонӣ ҷудо гаштанд чанд қадар деҳот сӯзонида шуд, 150 ҳазор одамони бегуноҳ кушта шуданд. Дар таърихи Тоҷикистон инхел хунрезиҳо нашуда буд. Парвардигори олам ба халқи тоҷик меҳрубонӣ намуда ба сари қудрат Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро овард. Ин бахту иқболи тоҷикистониён аст.
Аз расонаҳо маълум мегардад, ки Эрон сиёсати ҲНИТ-ро дастгирӣ мекунанд. Аммо ин манфиъати Эрон намешвад бояд Эрон аз самти мазҳабӣ даст кашида, рӯи забону фарҳанг нигоҳ кунанд. Бояд ҳар як фарди Тоҷикистон фаҳманд, ки роҳи пешгирифтаи ҲНИТ роҳи хунин, роҳи бисёр хавнок ва барои халқу давлат душманона мебошад. Барои ҳамин дар ҳар як ҷамомат дар масҷидҳо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба аҳли ҷомеа фаҳмонда истодаем. Тоҷикистон ватани маҳбубу ягонаи мост. Ҳамеша садоқат ба Пешвои миллат, ба давлат шиори доимӣ ва амалӣ мегардад.
Имомхатиби масҷиди ҷомеи
ба номи “Хоҷа Салим”-и Ҷамоати
деҳоти 20-солагии Истиқлол Хоҷаев М