Субҳи рӯзи 23 январ раиси ноҳия муҳтарам Файзуллозода Зафар аз бинои касри фарҳанг, Маркази фарҳангию фароғатии Носири Хусрави Ҷамоати шаҳраки Қубодиён ва Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳия дидан намуд. Пас аз боздиди маконҳои фарҳангӣ вохӯрии раиси ноҳия бо кормандони соҳаи фарҳанг дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ ба кормандони соҳаи фарҳанг нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу эхоҳ дода шуда, ба муҳимияти иҷроиши дастуру супоришҳое, ки зимни Паём ироа гардидаанд, таъкид карда шуд.
Зимни вохӯрӣ саҳми кормандони бахши фарҳанг дар баргузории чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ муҳим арзбӣ гардида, минатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба онҳо расонида шуд.
Воҷуди даствардҳо қайд гардид, ки дар соҳа ҳанӯз мушкилиҳои ҷиддӣ ҷой дошта масъулонро зарур аст, ки баҳри бартараф намудани онҳо кӯшишу талош намоянд.