Фаъолияти гурӯҳҳо дар самти назорати корҳои ободонӣ ҷараён дорад.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон аз 22 декабри соли 2017 ва дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2018 оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 ироа гардиданд ва инчунин дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани Иди байналмилалии “Наврӯз”, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои дарпешистода тибқи амри раиси ноҳия гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати гузаронидани корҳои ободонӣ дар сартосари ноҳия таъсис дода шуда, фаъолияти гурӯҳҳо дар самти назорати корҳои ободонӣ ҷараён дорад.

20180119_113359.jpgТибқи амри мазкур 4 гурӯҳи корӣ дар самти назорати рафти корҳои ободонӣ дар Ҷамоати шаҳраки Қубодиён аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳбарои ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, шахсони масъул аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия доир ба гузаронидани корҳои ободонӣ, вобаста ба омӯзиши вазъи ҳолати соҳаи маориф, тандурустӣ ва фарҳанги ноҳия ва гурӯӯҳҳои кории дохили ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ташкил карда шудааст.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.