Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия баргузор гардид.
Дар кори Шӯро раиси вилоятии он Лоҳутӣ Шоназаров иштирок намуда, оид ба аҳамияти таваҷҷӯҳи чомеаи шаҳрвандӣ ба рафти ислоҳоти мақомоти милитсия ва беҳтар намудани фаъолияти он сухан намуда, изҳор дошт, ки таъсири ҷомеаи шаҳрванди дар ташаккули ислоҳот ва баланд бардоштани касбияти фаъолияти корманди мақомоти милитсия муҳим мебошад.
Ҳамчунин қайд гардид, ки нақши Шӯро дар ҷоннок намудани фаъолияти муштараки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти милитсия назаррас буда, пайваста аз ҷониби Шӯро оид ба амалӣ намудани ислоҳот омӯзишҳо гузаронида мешавад.