МУРОҶИАТНОМА ба тамоми сокинони ноҳияи Қубодиён аз номи фаъолони ноҳия

Ҳамдиёрони азиз!

аз 15.01.2018                                                                           ш. Қубодиён

Дар Паёми навбватии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 22 декабри соли 2017 ироа гардид, дастуру супоришҳои мушаххас доир ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёд ва таҷдиди муассисаҳои иҷтимоӣ, рушди иқтидори истеҳсолии ватанӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар ин замина муҳайё сохтани шароити мусоиди зиндагӣ барои сокинон баён гардиданд.

Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои сарвари давлат ва ҳамзамон эҷоди заминаи истифодаи иқтидори ноҳия: рушди соҳаи сайёҳӣ ва дар заминаи он таҷдиду тармими осорхона, мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳони хориҷӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мегардад ва дар пайи он амалӣ гаштани лоиҳаҳои марбут ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 - 2028”, саҳм гузоштан дар идомаи корҳои ободонӣ дар пойтахти мамлакат, омодагӣ ба таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маркази ноҳия тибқи Нақшаи генералии шаҳраки Қубодиён, доир намудани корҳои ободонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, пешгирӣ аз офатҳои табиӣ ва дар шароити бӯҳрони молиявӣ дастгирии дастаҷамъонаи сокинони ноҳия баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои зикргардида ба мақсад мувофиқ мебошад.

Бояд зикр намуд, ки ҳолатҳои аз қабили бартараф намудани сар задани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои хавфноки Заркамар, Бошқалъа, Зиракӣ, Ахча, Полвонтуғай, Сангоба, Нусратулло Махсум, Ҳаёт ва Гулчин, ки ҳамасола ба ҳаёт ва моликияти сокинони ноҳия таҳдиди хатар эҷод мекунанд, инчунин таъмири иншоотҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла осорхона, ёдгориҳои таърихӣ, маркази фарҳангию фароғатии “Меҳнатобод”, анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия моро водор месозад, ки дар бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта бетарафӣ зоҳир нанамуда, дар рушду шукуфоии ноҳия саҳмгузор бошем.

Бинобар ин, фаъолони ноҳия бо муроҷиат ба ҳамаи сокинони ноҳияи Қубодиён изҳор медоранд, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои гузошташуда ва рушди минбаъдаи ноҳия тавассути гузаронидани маоши якрӯзаи худ ба фонди рушди ноҳия ва бо дастгирии саховатмандон ва кулли сокинони ноҳия саҳмгузорӣ намоем.

 

Фаъолони ноҳия

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.