Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Дирӯз Ҳаким Қаландаров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ӯро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипаварӣ, гоҳи дигар дар коргоҳи қумшӯиву хонасозӣ чеҳраи ӯ ба чашм мерасад. Мо ӯро дар бинои хуштарҳе сари дастурхони пурнозу неъмат пайдо кардем. Мурғҳoи марҷону хонагӣ, гулмоҳӣ, гӯшти гӯсфанду гову заргӯш ҳамаи ҳосили заҳмат ва дастони ӯ буданд. Фосила аз ин дастурхони пурнозу неъмат ва он дастархони дирӯз холӣ аз нон низ як қадам аст. Ва ҳамин як қадам аст, ки он соҳили рӯдхонаи Панҷи ғарқи гирдоби оташи ҷангу куштор ва ин соҳили пурмавҷ аз хандаи тифлонро аз ҳам ҷудо месозад. Аз ӯ мепурсам:
-Ин хона хонаи шумост?
Ӯ табассум мекунад, ба аҳли гирди дастархон менигарад ва мегӯяд:
-Тамоми Тоҷикистон хонаи ман аст.
Суҳбати мо аз ободкориҳои Ҳаким Қаландаров то ба домони сарнавишти талхи дирӯзи тоҷикон мекашад.
-Чӣ гуна муяссар гашт, ки шумо силоҳи марг гӯшае гузореду даст ба ободкорӣ иваз намудед?
- Оини ватандорӣ инро тақозо дорад, мегӯяд ӯ ва идома медиҳад: -Оқибати ҷанг сулҳ аст, агар сад сол ҳам давом кунад. Ман дар миёни неруҳои мухолифини тоҷик қумондони бонуфуз, одами наздики устод Нурӣ будам. Он чизе, ки ман медонам шояд кам касе донад. Агар он ҷанг идома меёфт на тоҷик мемонду на Тоҷикистон, Ироқу Сурия мешудем. Инро устод Нурӣ, ки ҳамеша бо ман машварат мекард ва дар рӯзҳои сахт барояш мутакко будам, борҳо гуфта буд.
- Пас шумо шоҳиди бастани сулҳ аз рӯзҳои аввал будед?
- Бале. Рӯзе, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари мухолифин Саидабдуллоҳи Нурӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар Фархори Афғонистон гуфтушунид доштанд ман аз ҷумлаи муҳофизони онҳо будам.
- Мегӯянд, ки бисёре аз қумандонҳо мухолифи сулҳ буданд, магар шумо аз он ҷумла набудед?
- Ман дар мавқеи устод Нурӣ қарор доштам. Вай моил ба сулҳ буд. Аммо касоне буданд, ки сулҳ бар манфиаташон набуд. Албатта, ин кор бе мудохилаи кишварҳои хориҷӣ намешуд. Аммо дар мулоқоти Теҳрон Нурӣ ба ин масъала нуқта гузошт. Он рӯзҳо нияти ҳаҷ рафтан доштам. Бо ҳавопаймои ҳарбии Эрон аз Қундуз ба Эрон парвоз кардам. Дар ҳавопаймо ман ва сафири Эрон будем. Он вақт Эрон ягона кишваре буд, ки дарТахор намояндагии расмӣ дошт, Кобул дар дасти толибон буд. Дар Теҳрон ҳуҷҷатҳоямро барои ҳаҷ кардан омода сохтам. То сафар ду рӯз монда буд, ки Нурӣ маро наздаш даъват кард.
– Ҳаҷ намеравӣ, - гуфт.
- Барои чи? – пурсидам.
- Инҳо маро барои “разбор” даъват карданд, ту бояд дар паҳлуи ман бошӣ ва баъзе гапҳое ҳаст, ки бояд ошкор намоӣ. Тоҷикистон, ки рафтем, баъд ба ҳаҷ меравӣ.
Ман розӣ шудам. Устод маро ба маҷлис омода сохт, баъзе сирру асрори муллоҳоро гуфт. Аммо таъкид кард, ки онҳо дипломат ҳастанд, дағал гап назанам. Мулоқот шом дар хонаи устод Тӯраҷонзода баргузор гашт. Муллоҳо Ҳимматзода, Маҳмадрасул, Абдураҳим, раиси «Растохез» Тоҳири Абдуҷаббор, раиси ҷамъияти «Лаъли Бадахшон», як намояндаи Ҳизби демократ, раиси муҳоҷирони Тоҷикистон дар Русия, журналист Олег Панфилов, Додоҷон Атоулло, Мулло Амриддин ва дигарон ҳузур доштанд. Онҳо гуфтанд, ки Тоҷикистон халос кардааст, неруҳои оппозитсия дар ҷабҳа муваффақ мебошанд. Пешниҳод карданд, ки ҳамаро ба ҷиҳод даъват кунем. Дар бораи муттаҳидӣ гап заданд. Устод Нурӣ гуфт, ки «мо дар ин ҷо муттаҳид нестем, дар Тоҷикистон чӣ тавр муттаҳид мешавем?»
Ман чанд бор даст бардоштам, ки гап занам, аммо сухан надоданд. Насиҳати устод Нурӣ аз гӯшам рафт, бо ғазаб аз ҷой хестам ва гуфтам, ки дар бораи кадом ҷиҳод гап мезанед, ҳама мусулмон, ҳама намозхон, шумоён моро ҷанг меандозеду худатон паҳлу зада роҳат доред. Ба Ҳимматзода ҳамагон рӯй овардам, ки “4 миллион доллари гирифтаатро чӣ кардӣ”? “- Дар Покистон, дар оборот”- гуфт. Ба Тӯраҷонзода рӯй овардам: “- Пулҳои аз хонаи худо овардаатро чӣ кардӣ?”. “Ба бачаҳо додам”- гуфт. (гирифта шавад) “-Кадом бачаҳо” – боз пурсидам. Ҷавоб хомӯшӣ буд. Ин ғазаби маро зиёдтар кард. Аз онҳо пурсидам, ки фарзанд, наздикони кадомат дар ҷабҳаанд? Агар ҷиҳод мехоҳед, биёед, граната ба миёнатон бандед, худатонро бо танк тарконед. Хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Олег Панфилов бо қаҳр аз маҷлис баромад. Ниҳоят сухан ба устод Нурӣ расид. Вай гуфт, ки ҷиҳод ҷойи худро дорад, халқро гирифта, ба Тоҷикистон мебарем, тоҷиккушӣ бас аст, мусулмонҳоро муттаҳид месозем.
-Кишварҳои хориҷӣ барои ҷанг пул ҷудо мекарданд, аммо мухолифати тоҷикон ниҳоят ба сулҳ анҷомид. Магар ин оқибат надошт?
-Оқибат дошт. Пули суруна гирифтан ҷавоб ҳам дорад. Як вақт устод Нурӣ пинҳонӣ ба ман гуфт, ки Эрон ӯро ба “разбор” даъват кардааст. Сабаб пурсидам, гуфт, ки сабаб он пулҳое, ки дар вақташ ба мо ҷудо карда буданд. Ман гуфтам, ки ту пулҳоро ба гурезаҳою мо муҷоҳидон додӣ, барояшон ҳамин хел ҷавоб гӯй. Дигар бечора касал шуду ман ҳам дида натавонистам пурсам, ки ҳамон “разбор” чӣ шуд.
- Шумо муҷоҳид, қумандон будед. Магар ин мушкилот назди шумо пеш наомад?
- Мо мустақим бо пул кор надоштем. Халта-халта, ошкору ниҳон долларҳоро роҳбарони мо мегирифтанд ва баъд қисман ба мо медоданд. Агар пурсише буд, онҳо ҷавоб доданд. Вале мо сулҳ кардем, ин бурди калон буд. Боре Кабирӣ назди ман омад, пул овард - се ҳазор доллар. Гуфтам, ки ба пули шумо ҳаромхӯрҳо эҳтиёҷ надорам. Ман кор мекунам, заҳмат мекашам, пул меёбам. Аммо шумо фикри онҳоеро, ки барои шумо шуда ҷон доданд, накардед. Занҳошон бева, фарзандонашон ятим монданд, метавонистед 50-100 долларӣ ба онҳо диҳед, ки рӯзгузарониашон шавад. Ин пули туро ман ба кадом яки онҳо диҳам? Ҳоло пул меорӣ, пулат ба ман лозим нест. Равед, ман бо шумо нестам, будан ҳам намехоҳам. Ин сун, ун сун гуфт. Гуфтам ин сун, ун сун нест. Ту мехоҳӣ ки муттаҳид бошем? Аввал, биё, аз рӯзи аввал ин ноҳақиҳо, нобаробариҳоро баробар кунем, баъд он сунаша мебинем. Агар ту мегӯӣ ки пагоҳ хезем ҷанг кунем, ҷанг барои чи мекунем? Ҷиҳод мегуӣ? Ҷиҳод барои чӣ мешавад? Ҳама тинҷ, масҷидҳо обод, дар ноҳияи Панҷ панҷ масҷиди ҷуъмахонӣ, ҳар деҳа масҷиди худа дорад. Охири гап хестам рафтам. Гуфтам, ки бачаҳои мо дар ин ҷо, дар Русия ҳастанд. Касе, ки гапи маро мегирад, намегузорам, ки бо шумо бошад. Худо аз дасти беадолатии шумо баракатро гирифт. Ҳама дар ба дар шуданд. Ман шахсан Кабириро тарафдорӣ ҳам намекунам, ба гапаш ҳам намекунам. Аз ҳама командирҳои бонуфузу ҷанг кардагӣ мо бачаҳои Панҷ ҳастем. Вақте ки роҳбар шуд, баъзе беадолатиҳои кардаи ӯро дида, аз вай дур шудем.
- Шумо дар бораи кадом беадолатиҳо мегӯед?
- Магар фаромӯш кардани зану фарзандони муҷоҳидине, ки ба гапи онҳо бовар карда, қурбон шуданд, маҷруҳанд, беадолатӣ нест? Замоне буд, ки онҳо ба як бурида нон зор шуданд, аммо роҳбарони ҲНИТ танҳо дар ғами худ буданд. Худованд ҳамин Ҷаноби Олиро дар паноҳаш нигоҳ дорад, ҳама бечораю сағераю бепарасторро нон медиҳад. Ба мардум замин додааст, як бурида нонашонро ёфта мехӯранд. Дуъои ҳамин сағераю кабера ба кораш баракат медиҳад. Кабирию ҳаммаслаконаш баръакс ба корҳои дигар машғуланд. Агар Кабирӣ боақл, бофарҳанг мебуд, ҳизб пароканда намешуд. Баъд, дар доираи давлатдорӣ натавонист худро қапидану кор кардан. Дар ба дар шуд, дигаронро ҳам дар ба дар кард. Оқибати кори ноҳақ ҳамин аст.
- Шумо гумон мекунед, ки ӯ ва ҲНИТ танҳоянд, пушту паноҳ надоранд, дастгирӣ намеёбанд?
- Не. Дигар кӣ ҳаст?
- Масалан, шумо.
- Онҳоро худованд шарманда сохт. Онҳо дигар ҳеҷ чиз намешаванд, ҳеҷ кас дастгирӣ намекунад. Ҳеҷ кас. Агар ман онҳоро дастгирӣ мекардам, ҳеҷ гоҳ ба ҳоҷӣ Ҳалим такя намекарданд, маро даъват мекарданд. Чунки ман қумандони разманда будам. Дар ҷанг на ҳоҷӣ Ҳалим буд, на Кабирӣ. Бо онҳо будан намехоҳам, намехоҳам, ки дубора ватанам ба хоку хун олуда шавад.
- ҲНИТ, тарзе ки расонаҳо менависанд, аз пуштибонии Эрон бархурдор аст.
- Шояд. Аммо тарафдорӣ аз ҲНИТ ҳаргиз бар манфиати Эрон нест.
Ин ҷанге, ки меравад, ҷанги мазҳабӣ, ҷанги Эрону Араб аст. Вақто ки мавзӯи интихоби арабу форс меояд, дар рӯзи сахтӣ араб шиамазҳаб ҳам бошад, ҳаргиз форсро ҷонибдорӣ намекунад. Дар ҳашт соли ҷанги Эрону Ироқ арабҳои шиамазҳаб аз Саддам Ҳусейн ҷонибдорӣ карданд. Аз як араби доро он замон мепурсанд, ки дар ин ҷанг чаро Садами кофирро пуштибонӣ мекунию шиаҳои эрониро не. Медонед, дар ҷавоб чӣ мегӯяд? Мегӯяд, ки “Саддам араб асту шиъа эронӣ”. Хулоса, ман араб ҳастам арабро дастгирӣ мекунам. Бубин, аввал миллатро мегузорад, баъд дину мазҳабро. Мо бо мардуми Эрон ҳамзабон ва ҳамфарҳанг ҳастем.
Ман дипломат нестам. Ман қумандоне ҳастам, ки шоҳиди ин ҳама бадбахтиҳои ба сари мардуми тоҷик омада аст ва намехоҳам, ки он дубора такрор ёбад. Дар Тоҷикистон такя ба мазҳаб кардан оқибатҳои ногувор дорад. Мардуме, ки аҳли суннат ва ҷамоат ҳастанд инро ҳаргиз қабул надоранд. Роҳбарияти Эрон ҳам шояд асли воқеиятро надонад. Шояд қувваҳое бошанд, ки ба хотири манфиатҳо ва фош ношудани ҳисоботи беасосашон ба роҳбари аввал маълумоти нодуруст диҳанд.
- Пас Эрон метавонад аз пуштибонии ҲНИТ даст кашад?
- Албатта метавонад. Агар хоҳад, ки муносибаташ бо Тоҷикистон нағз шавад, дар ин минтақа такягоҳе дошта бошад, ин корро мекунад. Барои ин бояд аз самти мазҳабӣ даст кашад ва рӯй ба забону фарҳанги муштарак орад. Мардуми Тоҷикистон Эронро форсзабон гуфта, эътироф мекунад. Аммо дар самти мазҳабӣ ҳеҷ кас эътирофашон намекунад. Эрон чораи дигар надорад. Ман мактаби Аҳмадшоҳи Масъудро гузаштаам ва вазъиятро хуб медонам. Агар дар Афғонистон Эрон такя ба забону фарҳанг мекард, вазъи тоҷикон, вазъ дар ин кишвар ба ин ҳолат намерасид. Эронро танҳо тоҷикон метавонад дастгирӣ кунад. Ҳеҷ арабе дар ҳолати сахтӣ Эронро дастгирӣ намекунад.
Ҷое, ки як ҳизби исломӣ ҳаст, чун дар Афғонистон даҳҳо ҳизбҳои дигари исломӣ ба миён меоянд ва ин ҳизбҳо бо пуштибонӣ аз давлатҳои ғайриисломӣ ба нест кардани ҳамдигар даст мезананд. Ин мубориза барои пароканда кардану куштани мусулмонҳост. Ҳизби исломиро бо ҳизби исломӣ ҷанг меандозанд, бо пули мусулмон мусулмонкушӣ мекунанд.
Эрон як кишвари бузург аст ва бояд дарк кунад, ки дар Тоҷикистон дар самти мазҳабӣ ҳеҷ кас онро эътироф намекунад. Ягона воситаи боэътимоди ба ҳам омадан забону фарҳанг аст.
-Чаро шумо инро ба дӯстони эронӣ намегӯед?
- Як ҳодисаро мегӯям. Боре устод Нурӣ гуфт, ки Эрон қарзи бефоиз медиҳад. Ба ӯ гуфтам, ки намешавад бигӯӣ, ки ба ман 200-300 ҳазор қарз диҳад, ки соҳибкорӣ кунам. Устод гуфт, ки пулро биёранд, туро даъват мекунам. Як вақт ба хонааш даъват кард. Ба хонаи Нурӣ ду эронӣ омаданд. Чой хӯрдем. Устод гуфт, ки камтар пул барои тиҷорати ман диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки устод, агар ду рӯз пеш мегуфтӣ, медодем. Ҳама пулҳоро додем. Пурсид, ки киро додед? Як миллион доллар ба ҳоҷӣ Ҳалима додем гуфтанд. Устод нороҳат шуд ва пурсид, ки чаро ба Ҳоҷӣ Ҳалим додед, маслиҳат шуда буд, ки 50 – 100 ҳазор долларӣ ба командирҳо тақсим мекунем, ки дар тоҷорату деҳқонӣ истифода кунанд. Ман қаҳр карда, аз Душанбе ба Панҷ омада будам. Нурӣ одам фиристод, нарафтам. Худаш омад. Маро, гуфт Президент фиристод, ки туро командир монем. Назди Ҷаноби Олӣ рафтем. Маро дар қувваҳои сарҳадӣ муовин монданд. Гуфт, ки туро командир мондем. Маро дар қувваҳои сарҳадӣ муовин монданд. Баъди ҳамин муносибати ман бо эрониҳо канда шуд.
Эрон кишвари бузург аст, бояд чуқур таҳлил мекард, аз кори ҳоҷӣ Ҳалим хулоса мебаровард. Ӯ дар ҳавлии корхонаи нонпазиаш 400-500 нафарро ҷамъ оварда, мусаллаҳ карда буд. Онҳо, вақте ки мақсад ҷанг буданро фаҳмиданд, раҳораҳ то Ромит силоҳҳоро партофта, ба хонаҳояшон рафтанд. Ҳамроҳи ҳоҷӣ Ҳалим ҳамагӣ 14 нафар монд. Мардум бо Ҳукумат, мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ карданд, ҷои пинҳоншудаи ҳоҷӣ Ҳалимро хабар доданд. Мардуми моро акнун фиреб кардан душвор аст.
-Шумо вазъи сарҳадро хуб медонед, хатар аз ҷониби ДИИШ ба Тоҷикистон ҷой дорад?
- Хатар ҳамеша вуҷуд дорад. Аммо бовар дорам, ки чунин намешавад. Зеро Тоҷикистон сиёсати дурустро пеш гирифтааст. Мардум моҳияти равияи салафиро дарк карданд, ба мубориза мехезанд, роҳ намедиҳанд, ки як Афғонистони дигар шавад.Мақсади ДИИШ на танҳо Тоҷикистон, балки Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Қазоқистон, ҳатто Русия аст. Онҳо мехоҳанд, ки нооромӣ то сарҳади Русия равад. Дар Афғонистон ӯзбекҳои муҷоҳид ҳам хеле зиёд ҳастанд. Ҷумъабою, Қори Тоҳиру дигарон аз 10 ҳазор зиёд қувва доштанд. Кӯдаки ҳамон вақт таваллудшуда имрӯз 17-сола шуд. Фаҳмидам, ки аз бачаҳои Ҷумъабой ҳам аз зани ӯзбакаш, ҳам аз зани язғуломиаш қумандон шудаанд. Барои ҳамин давлатҳои ҳамсояи мо дар ин мубориза бояд бо ҳам муттаҳид бошанд. Ин роҳи ягонаи таъмини оромӣ дар минтақа аст.