Дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳашарҳои умумии шанбегӣ ташкил карда шуд.
Дар маркази ноҳия кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон атрофи бино ва шоҳроҳу ҷойҳои ҷамъиятиро аз партовҳо тоза намуда, ҷавонон баҳри тоза озода нигоҳ доштани кӯчаву гузаргоҳҳо ва ҷӯйборҳо аксияи тозагии атроф ташкил намуда, партовҳоро аз ин макон берун намуданд.