Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар дар Ҷамоати деҳоти Навобод бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуданд.
Зимни вохӯрӣ, ки дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2019, №2302 сурат гирифт, вакилон Амрихудои Дамдор, Орифҷон Ҳакимов ва Бадриддин Садриддинзода баромад намуда, оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз ва фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди интихобкунандагон гузориш доданд.