ҲАҚ ВА ҶОЙГОҲИ КОРГАР ДАР ИСЛОМ

Роҳи рӯзӣ касбу ранҷасту талаб,

Ҳар касеро пешае доду талаб.

Утлубу арзоқ фи асбобиҳо,

Удхулул автон мин абвобиҳо. 

                                  (Мавлоно)

 Имрӯз бисёр аз гурӯҳои ҳаст ки мегуянд мо аз табақаи коргар ҳимоят мекунем, аммо вақте ки менигарем дар қонуни ислом мебинем ки ислом то чӣ андозаи кафолати ҳуқуқи коргарро кардааст ин гуфтаи Пайомбар саллаллоҳу алайҳи ва салам ки:

ولابن ماجه من طريق عمر بن سعد عن خالد بن معدان عنه: ((ما كسب الرجلُ أطيبَ من عمل يديه))،

"Даромаде поктар аз дастранҷи фард нест" ба поки тавсифи кор ва коргар мебошад.

 Онгуна ки дар ҳузури Пайомбар саллаллоҳу алайҳи ва салам аз марди ёдоварӣ шуд ки ибодати бисёр мекард вале аҳли кор набуд. Пайомбар саллаллоҳу алайҳи ва салам гуфт: чӣ касе харҷашро медиҳад? Гуфтанд бародараш фармуд: Худованд бандаи коргарро дӯст дорад.

 (مر على النبي صلى الله عليه وسلم رجل، فرأى أصحاب رسول الله صلى الله عليه وسلم من جلده ونشاطه، وقالوا: يا رسول الله لو كان هذا في سبيل الله، فقال رسول الله صلى الله عليه وسلم، إن كان خرج يسعى عن ولده صغارا فهو في سبيل الله، وان كان خرج يسعى على أبوين شيخين كبيرين فهو في سبيل الله، وان كان خرج يسعى على نفسه يعفها فهو في سبيل الله، وان كان خرج يسعى رياء ومفاخرة فهو في سبيل الشيطان). رواه الطبراني

Пайомбар саллаллоҳу алайҳи ва салам рӯзи бар марде гузашт ёрон аз кори бисёри он мард таъриф карданд гуфтанд: эй Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салам беҳтар мебуд агар ин кор ибодат дар роҳи Худо мебуд. Пайомбар саллаллоҳу алайҳи ва салам фармуд: агар барои харҷи рузонаи зан ва бачааш кор кунад ин дар роҳи Худо аст ва агар барои падар ва модари пираш кор мекунад ин ҳам боз дар роҳи Худо аст вале агар зоҳиран ва риёкорон мекунад ин дар роҳи шайтон аст.

Машҳур аст ки Пайомбар саллаллоҳу алайҳи ва салам дасти коргариро ки аз шиддати кор варам карда буд бусид ва фармуд: ин дастест ки Худо ва Расулаш дӯст медоранд, чунон ки дар "Таърихи Бағдод омадааст:

إنَّ رَسولَ اللّه صلى الله علیه و سلم لَمّا أقبَلَ مِن غَزوَهِ تَبوکَ استَقبَلَهُ سَعدٌ الأَنصارِی، فَصافَحَهُ النَّبِی صلى الله علیه و سلم، ثُمَّ قالَ لَهُ: «ما هذَا الَّذی أکتَبَ یدَیکَ؟» قالَ: یا رَسولَ اللّه، أضرِبُ بِالمَرِّ وَالمِسحاهِ فَاُنفِقُهُ عَلى عِیالی. فَقبَّلَ یدَهُ رَسولُ اللّه صلى الله علیه و سلم، وقالَ : هذِهِ یدٌ لاتَمَسُّهَا النّارُ أبَداً.

Ҳазрат Анас ибни Молик (рз) мегуяд: ҳангоме ки Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салам аз ҷанги Табук бозгашт Саъди Ансорӣ ба пешвозаш омад. Пайомбар саллаллоҳу алайҳи салам бо ва салом кард ва ба вай гуфт: ба чӣ сабаб дастонат ин гуна сахт шудааст? Гуфт: эй Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салам бел мезанам ва таноб мекашам ва харҷи зиндагии хонаводаам мекунам пас Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва салам дасти вайро бусид ва фармуд: ин дастест ки ҳаргиз оташ ба он намерасад.

Ва аз он Ҳазрат ривоят шудааст ки фармуд:

 وعن ابن عباس رضي الله عنهما قال: سمعت رسول الله صلى الله عليه وسلم يقول: من أمسى كالا من عمل يديه أمسى مغفورا له. أخرجه ابن أبي شيبة في المصنف والطبراني في الأوسط

 

" Ҳар кас аз дастранҷи хеш шабро ба субҳ расонад омурзида аст.

Ба рости чӣ зебо баёне аз ин бартар ва беҳтар барои коргар ки дорад?

Ислом илова бар ин ситоиши фавқулодаи кор ва арзиши он ба ҳимояти мутлақ аз коргар пардохта ва дар бораи риъояти ҳуқуқи коргарон супоришҳои муакад ва воҷибро намуда ва андарзҳои ахлоқи бисёри додааст.

 Дар адабиёти ахлоқии ислом омадааст ки се нафар шаб ҳангоме дар ғор паноҳ гирифтан ногаҳон санги бӯзург аз кӯҳ ба зер омад ва дари ғорро баст. Ҳар кадом аз гирифторон даст ба дуъо бардоштанд ва Худованд ро ба корҳои шоистае ки дар зиндагӣ анҷом дода буданд савганд доданд то наҷоташон диҳад аввали неки ба падару модарро ба ёд овард ва дуввуми номусдории хешро ёдоварӣ шуд бадин сон ҳар ду бо зикри корҳои шоистаашон ба Худованд васила ҷуянда шуданд, санг андаке аз дари ғор дур шуд вале имкони баромадан аз ғор набуд, то ки савуми гуфт: Парвардигор ро ман рузгоре чанд нафарро барои кор иҷора гирифтам музди кор ҳамаро додам магар як нафар ки муздашро нагирифт ва рафт. Ман муздашро ба кор гирифтам солҳо гузашт ва бар он музд афзуда мешуд то сарвати зиёде падид овард. Рӯзе он коргар назди ман омад ва гуфт: муздамро бидеҳ! Ба у гуфтам: ҳарчӣ аз гов ва гӯсфанд ва шутур мебини ҳама аз даромади музди ту аст! Гуфт: маро масхара накун! Гуфтам: туро масхара намекунам ҳамаро гирифт ва чизеро нагузошт. Сипас гуфт: Парвардигоро! Агар ончӣ кардаам барои ризои Ту будааст моро аз ин гирифтори бираҳон ногаҳон санг як су шуд ва ҳама аз ғор берун омаданд.

(Бухорӣ дар китоби байъид ва иҷора)

Ин достон намунае дарси арзишманде дар тамҷиди ҳаққи коргар аст, аз дидгоҳи ислом некуи ва иҳсон дар ҳаққи коргар монанди накуи дар ҳаққи падар ва модар аст ва адои ҳуқуқи коргар адои ҳуқуқи Худованд мебошад.

 

Сархатиби масҷиди ҷомеи

маркази ноҳияи Қубодиён Қарчиев Зайниддин

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.