(Таасурот аз мусоҳиба бо Сияҳаков С. Ш. яке аз роҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) дар солҳои 90-уми асри гузашта доир ба фаолиятҳои мугризона ва таҳрибкоронаи ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва дахолати нерӯҳои хориҷӣ ба он, таҳти унвони «Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ». Фараж № 46 (572) 15 ноябри соли 2017)
Тарақиёти босуръти илму техника, дастоварду кашфиётҳои навин, дар баробари ин омезишёибии тамаддунҳо ба ҳайёти рӯзмарраи инсонҳо, ҷомеа ва таърихи давлатдории кишварҳои гуногун таъсиргузор буда, хоҳ но хоҳ ба зиндагии рӯзмараи одамиён осор гузошта истодааст. Ба миён омадани ҳамагуна раванду муносибатҳо, ҳодисаву воқеаҳо, табаддулоту ҷангу ҷидол, дигаргуниҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ чи мусбату манфӣ дар маҷмӯъ ҷойгоҳи таърихи халқҳо маҳсуб меёбанд. Таърих дар воқеъ хазинаву ҷамъоварандаи тамоми ҳодисаву воқеот, ҳама талху шириниҳои ҳайёти инсоният ҳисоб ёфта, бо мурури замон тамоми ҳодисаву воқеа, тағироту дигаргуниҳоро дар шакли реалӣ рӯи кор оварда, бо ҳамин ба ҳама кирдору муносибат ва равандҳои иҷтимоию сиёсӣ баҳои ҳаққонӣ дода, асоси воқаҳоро реалистона мавриди назар ва омӯзиши ҳамагон қарор медиҳад.
Таърихи навини кишвари азизи мо дар зарфи бистушаш соли охир пур аз вокеот ва дигаргуниҳо дастоварду навгониҳо ва бо бунёдкориҳои азим саҳифабандӣ шуда, расидан ба истиқлолияти комил ва тантанаи ваҳдати миллӣ беҳтарин дастоварди миллату давлат маҳсуб меёбад.Бадбахтона дар таърихи давлатдори ҳамаи кишварҳо баъзан ходисаву воқеаҳое ба миён меоянд, ки ба раванди тараққиёт ва инкишофи давлатдорӣ монеа ва халалҳо ворид намуда зомини инкишоф ва оромии ҷомеа мегарданд.Ҷанги таҳмилии солҳои навудум ва кушиши гузаронидани табаддулоти давлатии соли 2015 ду ҳаводиси сиёҳу нангини таърихи халқи мост.
Баъд аз сайъи табаддулоти давлатӣ бо роҳбарии Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода моҳи сентябри соли 2015, ки яке аз намояндагони ҲНИТ маҳсуб меёфт, барои тамоми сокинони кишвари азиз парда аз руи носипосон ва дилсиёҳон бардошта шуда, мақсаду мароми аслии намояндагони ин ҳизби таҳрибкор ба тамоми мардуми кишвар ва берун аз он низ муайяну возеҳ гардид. Дар саҳифоти таърихи навини тоҷик бо хатти сиёҳ боз як кирдор ва рафтори ноҷавонмардонаи иддае аз намояндагони ҲНИТ сабт гардид. Ин кирдори беақлона хилофи ҳама қоидаву қонунҳои имрӯза буда, чуноне, ки исбот гардид маҳз дасиса ва нақшаҳои тарҳрезишудаи хоҷагони беруна буда бо дастгирии молиявии кишварҳои хориҷа ба вуқуъ пайваст. Ин ҳодисаҳо таърихи талхи кишвар ҳисоб меёбанд. Донистани таърих на танҳо ба мақсади омӯзиш буда инчунин сабақ ва хулосагирӣ намудан аз ҳама раванду инкишоф, таҳлил ва баррасии он дар асоси факту рақам ва далелҳои мустаманд яке аз мақсадҳои наҷиби инсоният маҳсуб меёбад.
Дуруст аст, ки инсонҳо дар ҳайёт баъзан ба хатову камбудиҳо роҳ медиҳанд. Бисёр наҷиб ва гуворост, ки дар аксари ҳолатҳо одамон хатоҳои худро фаҳмида бо эҳсоси баланди инсонӣ паи ислоҳ ва рафъи камбудиҳои худ мегарданд. Ҷое хонда будам, ки «Хушбахт касест, ки аз саргузашти дигарон панд гирад», ва «Муъмин касест, ки аз кори некаш хурсанд ва аз кори бадаш нороҳат шавад».
Каҳрамони мусоҳибаи «Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ», собиқ корманди КГБ-и СССР Сияҳаков Саидҷалол Шашевич зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Болшевики ноҳияи Кубодиён, шахсе ки аз мактаби бузурги органҳои қудратӣ дар давраи Шуравӣ гузаштааст бо ин номи бузург дар кирдору муносибат ба равандҳои ҷамъиятӣ сиёсӣ истодагарӣ карда натавониста зери таъсири руҳӣ- равонии муболиғони ҲНИТ монда бо ИНОТ пайваста тарки кишвари азиз намуда, муддате дар Афғонистон зиндагӣ ва кору фаолият менамояд.
Номбурда иброз медорад, ки «...ҳарчанд дар он тарафи марз бо роҳбарияти кули ҲНИТ ҳамроҳ шуда, онҳоро бо маълумотҳои ҷолиби диққати мақомоти бехатарӣ шинос намуда бошам ҳам, наҳзатиён мудатҳои тӯлонӣ аз ман ҳамчун «одами КГБ» канораҷӯи мекарданд ва мавриди санҷишу омӯзиши амиқ қарор медоданд… ману Султони Ҳамадро ба ҳайси муовинони роҳбари САМНИТ таъин намуданд».
Мантиқан гап сари он меравад, ки гуруҳи таблиғотии собиқ ҲНИТ алҳол зери дигар маҳфумҳову мақсадҳо, алалхусус ватанҳоҳиву миллатгароиҳо ва дигар роҳу усулҳои ҷадид бо дастури хоҷагон ӯстокоронаву «меҳрубонона бо лутфу марҳаматҳо» на танҳо ҷавонон ва мардуми ноогоҳ балки кормандони органҳои қудратиро низ, зери идеология ва нуфӯзи хеш мекашанд ва мекашиданд. Яъне замоне бо талаби «аз хоби гарон хез» гуфтанҳояшон, мардумро ба бедорӣ раҳнамои намуда, дар асл камин нишаста мақсадҳои ғаразноки худро дар паноҳи дини мубини ислом амалӣ кардан мехостанд.
Чуноне, ки аз саҳифаҳои таърихӣ аллакай маълум аст, аз рӯзҳои аввали тарки ватан намудани муҳоҷирони иҷборӣ ба хоки Афғонистон гуруҳи таблиғгарон дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ бо ду мақсад корҳои худро амалӣ менамуданд, Аввалан дар минтақаҳои даргир мардумро зидди сиёсати давлат равона намуда махсус ҳолатҳоеро ба нақша мегирифтанд, ки хусумату бадбиниро нисбати давлату фронти халқӣ зиёд афзун менамуд. Барои мисол шабона ба оилаҳои сернуфуз ва обурудор ҳуҷуми мусаллаҳона намуда бо истифода аз ниқобҳо ва яроққҳо бо ваҳшиёнат як қисмти онҳоро ба қатл расонида, хонаҳоро оташ зада, дигар нафаронро дар тарсу бим нигоҳ медоштанд, Ҷун субҳ фаро мерасид, кирдори содиршударо бори дигарон намуда, мардумро зидди давлат раҳнамои карда таблиғи фирор намуданро аз Ватан роҳандозӣ менамуданд. Онҳо парвои ғаму андӯҳ ва бехонумон шудани шаҳрвандон надоштанд. Аз тарафи дигар дар марзи Афғонистон ва дохили он аллакай «намояндагон» интизори омадани шаҳрвадони мо буда дар минтақаҳои гуногун ҳаймаҳо ва шаҳракҳои муҳоҷирон пешакӣ омода мегардиданд. Ин маънои онро дорад, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ таҳмилӣ буд.
Баъдан, барои гуруҳҳои ҷудоихоҳ зарур буд, ки давоми соли 1992 аз минтақаҳои гуногун ҳар чи зиёдтар шаҳрвандон ватани аҷдодиро тарк намуда вориди кишварҳои бегона, алалхусус Афғонистон гарданд. Ин ҳадаф максаднок иҷро карда шуда, теъдоди калавандагон ва «норозиҳоро» аз як тараф дар дохил зиёд намуда аз тарафи дигар, зиёдшавии ҳисоби муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави бегона ва идора намудани онҳо аз тарафи «хизматгорони хоҷаҳо», ҳамчун «соҳибдарак» ва билохира ҷалб намудани онҳо бо тариқи «мақсаднок» ба таълиму тадрис дар мадрасаҳои динӣ, дар ин замина мағзшӯии омма, хусусан истифодаи онҳо бар зидди Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосии хадамотҳои махсуси кишварҳои хориҷ маҳсуб меёфтанд. Дар ин раванд «хизмати» ҲНИТ бағоят бузург буда таҳрикдиҳанда ва таҳовукунадаи тамоми ҳаводисҳои минбаъда ҳисоб мераванд.
Ҷои дигар собиқ муовини САМНИТ Сияҳаков С. Ш. иброз медорад, ки «Хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон ибтидо аз соли 1992 дар қаламрави ҶИА ҳукумати мухолифинро аз ҳисоби роҳбарони ҲНИТ таъсис дод ва пурра зери назорати худ гирифт. Дар натиҷа ҳизби сиёсиро ба ташкилоти террористӣ мубаддал намуд..., Эрониҳо, ба монанди «фолбин» аллакай то давраи фирори муҳоҷирини тоҷик ба Афғонистон, дар қаламрави кишвар созмону ташкилотҳоеро таҳти пӯшиши ҳимояи ҳуқуқи «мазлумон» таъсис дода, барои муҳоҷирони фирории тоҷик аллакай лагерҳои хаймавӣ гузошта буданд».
Масоили сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони имрӯза борҳо собит намудааст, ки давлатҳои манфиатҳоҳ барои ба даст овардани мақсадҳои ғаразноки худ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, роҳу васила ва шаклҳои муборизаҳоро вобаста ба фаҳмишу ҷаҳонбинӣ, этиқоди динӣ, равияҳои мазҳабӣ дар сатҳи зарурӣ истифода намуда, аз сарфи маблағҳои гушношунид ва бедарди миён худдорӣ намекунанд. Онҳо тамоми роҳҳоро истифода менамоянд. Дар он солҳо зери мафҳуми ёрии гуманитарӣ, ба ташкилоти «Ҳилоли Аҳмар» бо ҳар роҳу васила «агент»-ҳои махсуси хадамотҳои қудратии кишварҳои манфиатҷуй ворид мешуданд. Онҳо «дар либоси дустдорӣ, кори душман» анҷом медиҳанд, ки вазифаашон аслан ёрӣ расонидан ба ниёзмандону камбизоатон аст, Аз рӯи гуфтаҳои Сайҷалол Сияҳаков дар Афғонистон маҳз баъзе аз намояндагони ташкилоти дар боло номаршуда маҳз ба корҳои омӯзишиву сафарбари ба ҳизбу гуруҳҳои мухталиф ва ҳаракатҳои ифротӣ машғул мегардиданд.
Ёдам ҳаст, баъди солҳои 1997-1998 дар қаламрави вилояти Хатлон хориҷиён ба тақсимоти ёрии гуманитарӣ машғул буданд. Яке аз рафиқонам, ба ҳайси корманди ҷамоат фаолият менамуд. Кормандони ташкилоти хориҷа харитаи Вилояти Хатлонро, ки тасодуфан дар утоқи кориаш фаромӯш намуда буданд, ба ман нишон дод. Мо моту ҳайрон будем. Зеро дар он тамоми мавқеи географӣ, канданиҳои фоиданок, маҳаллаҳо бо теъдоди аҳолдиашон, роҳу каналҳо, заминҳои кишт, боғоту кӯҳсор, ҷойгиршавии мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ, мағозаву марказҳои маданиву маишӣ бо нишондоди километр аз марказҳои маъмурӣ дақиқан нишон дода шуда буд. Яъне ин маънои онро дошт, ки хориҷиён ба мо як дода ҳазор меситониданд. Тамоми маълумотҳои заруриро тули даҳсолаҳо ҷамъоварӣ намуда паи таъсир ва таҳавулотҳои навин мегарданд. Дар рафти амалишавии барномаҳои «башардӯстона» ва ёриҳои гуманитарӣ маводҳо ва малумотҳои заруриро бо воситаи гумгоштагони худ ба марказҳои махсус барои коркард фиристода, баъдан паи татбиқи амалҳои худ мегарданд.
Такя ба маълумотҳои дақиқи пешниҳоднамудаи яке аз роҳбарони САМНИТ (ниҳоди амниятии ИНОТ) Сияҳаков С.Ш. намояндагони ҲНИТ «..пайваста ба Эрон сафар намуда, курсҳои махсусро мегузаштанд..аз ҳисоби роҳбарият ва сатҳи миёнаи ҳизб шабакаи васеи агентурии худро ташкил» медоданд. Домулло Абдуғафор. Амриддин Табаров, Муҳамадрасули Саъд, Давлатхуҷа, Домулло Муҳаммадӣ, Саидҷалол, Исоев Султон, Мустафо ва чандин нафар дигарон ки маҳз аъзоёни фаоли ҲНИТ буданд, таълимоти махсуси хадамотҳои ҷосусии кишварҳои хориҷаро гирифта бо мақсади сарнагун сохтани ҳукумати ҶТ таҳсил ва фаъолият намудаанд. Аксарияти номбаршудагон даст ба ҷиноятҳои вазнини зидди инсонӣ зада, бо роҳу василаҳои гуногун ҷиноятҳои худро паноҳ медоранд ва ё муҷозот дидаанд. Ин рафтору кирдорҳои бо ном пешвоёни шариат, хилофи дини мубини ислом буда.ба ин дини волю ростин иснод меоваранд. Зеро дини муқаддаси ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракат ва равандҳои иртиҷои надошта, дини муҳаббату вафодорӣ садоқату адолат аст. Мақсади ислом тарбияи инсони комилу пок танҳо ҳамзистии осоиштаву бунёдкори ва ба роҳи ростиву бегазанд даъват намудани тамоми одамон аст. Ислом дини муқаддас аст. Онро касе ҳаққи мавриди истифода додан барои ҳадафҳои худ надорад. Шахсоне, ки ба ин корҳои зишт даст мезананд гуноҳҳои бузург содир менамоянд. Гузаштагони мо хуб фармудаанд; «Сояи умри ситамгарон кутоҳ аст».
Сияхаков С.Ш. ёдовар мешавад: «Боре чандин нафар аз қавми Амир Олимхон, Иброҳимбеки босмачии лақай ва як гуруҳи тоҷикони замони инқилоб фироригашта ба назди роҳбарияти ҲНИТ ташриф оварда, даъват карданд, ки «равед ба Тоҷикистон, сулҳ кунед, Ватани худро аз даст надиҳед. То ҳол моро, ки беш аз 80 сол ин ҷо муқимӣ гаштем, «мардуми гуреза» ном мебаранд. Нагузоред, ки ба шумо низ чунин кунанд..,».Минбаъд, куҷое, ки ин мардум пайдо мешуд, намояндагони ҲНИТ ва навкарони оғои Муродӣ ( Муродӣ - шахси муттасадии хадамоти махсуси ҶИЭ, ба сифати корманди «Ҳилоли Аҳмар», фаолият менамуд) онҳоро пеш мекарданд. Намегузоштанд, ки ин ақида миёни муҳоҷирин паҳн гардад».
Муродӣ ва ҳамаи онҳое, ки хизматгорони хадамотҳои махсуси Ҷумҳурии исломии Эрон, ба монанди Вазорати иттилоот, Разведкаи ҳарбӣ, Корпуси посдорони инқилоби исломӣ ва ғайра зери ҳимоя ва пардапӯшонаи ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ аз қабили «Ҳилоли Аҳмар», «Имдоди Ҳумайнӣ» кору фаолият намудаанд, аслан ба саҳна гузорандагони асосии ҷанги шаҳрвандии ҶТ ва кушиши ба миёнории табаддулоти давлатӣ дар соли 2015 ва умуман барои сарнагунсозии ҳукумати ҶТ ва мақсади бунёди ҷумҳурии исломиро доштанду доранд. Имрӯз барои одами нобинову ношунаво низ айён аст, ки душман ки асту дӯст кист? Дар вазнинтарин лаҳзаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоки Афғонистон сафар намуда зимни гуфтушунидҳои пай дар пай ҳазорҳо нафар гурезагонро ба Ватан баргардонид. Созишномаи сулҳ дар ҳайёти миллату давлат гардиши куллиеро ба миён оварда дар дили садҳо ҳазор ҳамватанони мо, ки иҷборан тарки Ватан намуда буданд, шӯълаи умедро фурӯзон намуда буд. Аҳмадшоҳи Масъуд баъди вохурии аввалин бо Президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон байён дошта буданд, ки «Роҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, Ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳудии халқу марзу бумаш омода аст, ки ҷонбозиҳо кунад, Бо чунин Раис Тоҷикистон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳад ёфт».
Воқиф аз ҳама руйдодҳо, амалҳо, мо аҳли ҷомеа, сокинон, хурду бузург, донишманду мардуми оддӣ, новобаста, ки дар куҷо кору фаолият нанамоем бо камоли ақл бояд дарк намоем, ки мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст. Имрӯз Ватани азизи мо бо марому мақсадҳои нек роҳ суи адолату оромӣ, роҳ суи бунёдкориву созандагиҳо гирифтааст. Мо бояд носипос набошем, зеро ношукри неъматро завол медиҳад ва қаноат бошад, сармояи тамом ношуданист. Барои ҳифзи музафариятҳо, якпорчагии он тамоми сокинон вазифадоранд бо ҷону дил, бо меҳру муҳаббати самимӣ, фидокорона меҳнат намуда агар лозим шавад, ҷонамонро дареғ надорем.
ЮСУФИ АСРОРИЁН
Ноҳияи Ёвон