Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ вакилон Рустам Қудратов, Амрихудои Дамдор, Орифҷон Ҳакимов ва Бадриддин Садриддинзода ширкат намуда, бо фаъолони ноҳия вобаста ба дастовардҳои даврони Истиқлол, аз ҷумла ба кор андохтани чархаи дуввуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва аҳамияти он ба иқтисоди мамалакат суҳбат намуда, бо интихобкунандагон вобаста ба масъалаҳои ҳалтаби маҳал пурсишу посух анҷом доданд.
Гуфта мешавад, вохӯрии мазкур тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2019, №2302 сурат гирифта, то 18 сентябр дар шаҳру ноҳияҳо идома ёбад. Гурӯҳи вакилон инчунин бо сокинони Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин дар қасри фарҳангию фароғатии “Ҳаёт”-и деҳаи Авесто вохӯрӣ гузарониданд.
Қарор аст фардо низ вакилони ҳавзаҳои дахлдор бо сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов ва Заркамар вохӯрӣ доир намоянд.