Бахшида ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқа оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Истиқлол” байни дастаҳои маҳалҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа 12 даста ишрок намуда, дар қисмати ниҳоии он дастаи “Марказ”-и Ҷамоати шаҳраки Қубодиён бо дастаи “Қиёт”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав вохӯрӣ анҷом дод. Дастаи “Марказ” бо ҳисоби 4:2 ба дастаи “Қиёт” ғалаба намуда, соҳиби ҷоизаи мусобиқа – Ҷоми Истиқлол гардид.