Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимиячти давлатии ноҳия баргузор гардид.
Аз рӯйи масъалаи якум, роҷеъ ба фаъолияти комиссия дар соли 2017 гузориши котиби Комиссия – Зардаков М. Шунида шуд.
Қайд гардид, ки кори Комиссия дар маҳалҳо ва ташкилоту муассисаҳо вазъи беҳтарро талаб намуда, аъзои Комиссияро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ пурзӯр намоянд. Ҳамчунин дар ин ҷаласа нақшаи кори Комиссия баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.