Пойгоҳи "ислоҳ" дар сездаҳум солгарди даргузашти Нурӣ бо писари калониаш Муҳаммад Нурӣ сӯҳбате дошт. Мехоҳам назари худро дар ин хусус баён созам.
Албатта марг ба суроғи ҳама кас меояд ва аз марг ҷойи гурез нест. Пас набояд аз марги падар ҳангомаи барпо намуд: чигуна зиндагӣ намуд, чӣ кори хуб ё баде кард?! Назди Худованд ҷавобашро худаш гуфт ва мегӯяд.
Писараш мегӯяд: "Имрӯз ба хулосае омадам, ки натанҳо кору фаъолияташ, ҳатто бемориву маргашон ҳам дарси ҷиҳод ва мубориза буд."
Хуб диққат диҳед, азизон, ки ин шахс дар фикри мубориза ва ҷиҳод аст. Муқобили кӣ? Муқобили мардуми Тоҷикистон? Оё мардуми Тоҷикистон кофир ҳастанд (наузубилллоҳ)? Ба ин гуфтаҳо худ иқрор ба он дорад, ки ин ҳизб яке аз шохаҳои ДОИШ мебошад, зеро ки дар фикри мубориза ва ҷиҳод буд. Мубориза ва ҷиҳод муқобили мардуми мусалмони Тоҷикистон ва дар фикри куштори мусалмонон мебошад, на дар фикри обод сохтани ватан. Ва боз мегӯяд ба аёдати падар табақаҳои мухталифи кишвар ва ин чунин ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ҶАНОБИ ОЛӢ МӮҲТАРАМ Эмомалӣ Раҳмон низ ба аёдати падараш омаданд. Бубинед, ин далолат ба чӣ мекунад? Ба дили соф ва беғубори ин АБАРМАРДИ диёр ва меҳрубонияш, ки ӯро барои табобат ба Олмон фиристод. Мебинем, ки дар муқобили неки ПЕШВОИ МИЛЛАТ онҳо чӣ кор карданд? Даст ба кудатои хунин бо сарварии Ҳалимзода заданд.
Боз мегӯяд, ки падарам пойбанди мансабу вазифаи роҳбари набуданд. Охир агар парвои вазифа надоштанд, пас чаро ту ҳамчун фарзандаш дар талоши бадном сохтани ҷомеаи Тоҷикистон мебошӣ? Ва мехоҳӣ бо ин роҳ курсие бад даст ори? Ба ҳамагон маълум ҳаст, ки барои курсӣ ба даст овардан ҳизб ташкил медиҳанд ва ҲНИ низ истисно набуд. Аз рӯзи аввали ташкилёбӣ дар фикри курсӣ ва мансаб буданд.
Боз мегӯяд, ки падарам аз он хушҳолӣ мекард, ки дар кишвар садои тиру туфанг нест. Одамон орому осуда зиндагӣ мекунанд, пас чаро ту фарзанди нохалаф муқобили ормонҳои падар баромадӣ? Мехоҳӣ боз бо тиру туфанг дохили мамлакат шавӣ? Ва мамлакатро ноором созӣ?
Дигар масъалае, ки М. Нурӣ, ки салоҳияти дахолат кардан ба онро надорад, ин масъалаи сулҳи тоҷикон мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки сулҳ байни ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) баста шуда буд, зеро як тарафи сулҳ агар ҳукумати Тоҷикистон бошад ва тарафи дигар Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) мебошад, на ҲНИ. Ба фикри М. Нурӣ гӯё як тарафи сулҳ ҲНИ мебошад, ки ин дурӯғи маҳз аст. Чунон ки дар боло зикр намудем ростиро завол нест. Чунон ки имрӯз паймони милли Тоҷикистон ташкил намудаанд, ки дар он ғайри ин ҳизби террористӣ дигар гурӯҳҳо низ шомил мебошанд ва ПМТ-ро низ ҳизби наҳзати исломӣ гуфта намешавад, ҳамчунин ИНОТ ро низ ҳизби наҳзати исломӣ, зеро аъзои дигари ИНОТ бе мамоният дар мамлакат фаъолият доранд. Аз баромади М. Нурӣ чунин хулоса карда мешавад, ки фикр ва ақидаи ӯ монанди фикр ва ақидаи намояндагони ДОИШ мебошад ва алҳазар аз чунин ақида ва тафаккур.
Сархатиби масҷиди ҷомеи маркази ноҳияи Қубодиён Қарчиев Зайниддин