Ҷамъомади омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи омӯзгории ноҳия ба муносбитаи Рӯзи дониш

Ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии “Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён” бахшида ба Рӯзи дониш ҷамъомад доир намуданд.

Дар ин ҷамъомад директори Коллеҷ Ғаюрзода Акбаралӣ ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи дониш табрик намуда, изҳор дошт, ки Давлату Ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд.

22_13.jpgСипас аҳли кормандон ва донишҷӯни Коллеҷи омӯзгории ноҳия ба таври дастаҷамъона баргузории дарси сулҳ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, тавассути шабакаҳои давлатии телевизион намоиш дода шуд, тамошо намуданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.