1 СНТЯБР – ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Рӯзи 1 сентябр дар муассисаҳои таълимии ноҳия бахшида ба Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави хониш вохӯриҳо доир карда шуд.

Бо мақсади шиносоӣ бо омодагӣ ба соли нави хониш раиси ноҳия муҳтарам Файзуллозода Зафар аз муассисаи таълимии №11, воқеъ дар деҳаи Бошқалҳаи Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров дидан намуд.

22_12.jpgРаиси ноҳия хонандагон ва омӯзгорони ноҳияро зимни вохӯрӣ бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии мазкур ба муносибати Рӯзи дониш, дарси сулҳ ва оғози соли нави хониш табрик намуда, изҳор дошт, ки давлат ва Ҳукумати кишвар, аз ҷумла Роҳбарияти Олӣ нисбат ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, алалхусус рушди нерӯи зеҳнию инсонӣ пайваста таваҷҷӯҳу ғамхориҳо зоҳир менамояд.

таъкид карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён дар раванди татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбарияти кишвар, барномаҳову сратегияҳои марбут ба соҳаи маориф саҳмгузорӣ намуда, рушди босуботи соҳаи маорифи ноҳияро ҳадафи асосии худ қарор додааст.

Дар робита ба фаъолияти муассисаи таълимии №11 гуфта шуд, ки муассисаи мазкур дар ҳудуди ноҳия калонтарин муассисаи таълимӣ ба ҳисоб рафта дар он ба 1956 нафар хонанда 100 нафар омӯзгор таълим медиҳад.

Пас аз сухани табрикии раиси ноҳия ба таври дастаҷамъона тавассути телевизион рафти баргузории дарси сулҳ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонд дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, дар таоми муассисаҳои таълимии ноҳия тамошо намуданд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.