
Дар нахустин бозии мусобиқа оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми вилояти Хатлон вохӯрии дастаи “Пахтакор”-и ноҳия бо дастаи “Вахши Зарнисор”-и ноҳияи Вахш дар варзишгоҳи Чорбоғи ноҳия сурат гирифт.
Дар қисмати якуми бозӣ бозигарони “Пахтакор” 5 голро вориди дарвозаи “Вахши Зарисор” карданд. Дар қисмати дуюм низ ба дарвозаи ҳарифон ду голи беҷавоб ворид карда шуда, бозӣ бо ҳисоби 7:0 ба фоидаи дастаи “Пахтакор” анҷом ёфт.
Голҳоро дар ин бозӣ бозигари рақами 8 Зайнуллозода Фирдавс (ду гол), рақами 13 Шомуродзода Ёқуб (ду гол), рақами 10 Соҳибов Меҳрон (як гол), рақами 11 Шавкатзода Ҷонибек (ду гол) ба ҳадаф расониданд.