ТАБОДУЛИ ТАҶРИБАИ ПАХТАКОРОНИ ВИЛОЯТ ДАР ХОҶАГИИ ТУХМИПАРВАРИИ “АВЕСТО”

Дар Стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзии Хоҷагии тухмипарварии “Авесто”-и Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин семинар – машварат оид ба соҳаи пахтакорӣ баргузор гардид.

Дар кори семинар, ки ба тарзу усули парвариши зироати техникӣ – пахта бахшида шуда буд, масъулини соҳаи кишоварзии шаҳру навоҳии пахтакори вилоят ва олимону муҳаққиқони соҳа бо роҳбарии муовини раиси вилоят Зоҳирзода Умед иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни семинарро раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода истиқбол намуда, оид ба таҷрибаи кишту кори пахта дар ноҳия ва нашъу намои он маълумот ироа намуд.

Гуфта мешавад, интихоби макони баргузории семинар – машварат оид ба соҳаи пахтакорӣ эҳтимолӣ набуда, таҷрибаи Кооперативи тухмипарварии “Авесто”-и ноҳияи Қубодиён ибратбахш мебошад.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади рушд ва афзоиши босифати маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан истеҳсоли пахта дар ноҳия аз соли 2003 Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Авесто» дар заминаи собиқ хоҷагии ҷамоавии «50-солагии СССР» таъсис ёфта, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ба шабакаи хоҷагиҳои тухмипарварӣ шомил гардид.

Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии мазкур дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Тахти Сангин, дар масофаи 40 километр аз маркази ноҳия ҷойгир буда, масоҳати умумии заминҳои кишти он 3 ҳазору 782 гектар, аз ҷумла 924 гектари онро замини корами обӣ ташкил медиҳад.

Самти асосии фаъолияти Кооперативи истеҳсолии тухмипарварии «Авесто» пахтакорӣ буда, соли равон хоҷагии мазкур дар майдони 720 гектар кишти шаш навъи пахтаро гузаронидааст.

«Авесто» дар баробари истеҳсоли пахта кишти дигар намуди зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла гандум, ҷави баҳорӣ, картошка, маҳсулоти полезӣ, маккаҷуворӣ барои силос, боғи зардолуву ангур ва истеҳсоли пилларо ба роҳ монда, кишт ва истеҳсоли маҳсулоти болозикр дар соли 2019 аз дурнамо барзиёд иҷро гардид.

Бо назардошти тағйирёбии иқлим аз соли 2008 дар ҳайати кооперативи “Авесто” Стансияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ҷиҳати муобиқсозии зироатҳои кишварзӣ ба иқлими минтақа ва кишти онҳо ташкил карда шудааст.

Стансияи мазкур ҳамкории доимиро бо олимону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Институти зироатҳои Тоҷикистон ба роҳ монда, фаъолияти навъсанҷиро дар қитъаҳои алоҳидаи замин анҷом медиҳад.      

Маврид ба зикр аст, ки 39 гектар замин ҷиҳати кишти зироатҳо дар ихтиёри Стансия қарор дорад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.