
Дар толори қасри фарҳанги ноҳия машварати августии омӯзгорони ноҳия баргузор гардид.
Қабл аз оғози машварат дар саҳни қасри фарҳанг намоиши маҳсули ҳунар ва дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва то мактабӣ баргузор гардид.
Дар толор дар назди ҷамъомадагон раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки омӯзгорӣ – вазифаи хеле пурмасъулият буда, ҷомеаи оянда аз меҳнати пурзаҳмати омӯзгорон натиҷаи назаррасро интизор аст. Обрӯ ва нақши омӯзгорон дар ҷомеаи навини соҳибистиқлолӣ боз ҳам дучанд мешавад.
Қайд гардид, ки фаъолияти кормандони соҳаи маориф таҳти назорати доимӣ қарор дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳар як падидаи навро, ки боиси пешрафти кору таълиму тарбия мегардад, дастгирӣ намуда баҳри фаъолияти пурсамари ин соҳаи муҳим диққати ҳамаҷониба медихад.
Дар рафти маҷлис аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кормандони шоистаи соҳаи маориф бо сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, барои иштирокдорони машварат барномаи консертии бахши фарҳанги ноҳия пешкаш карда шуд.