
Вазъи соҳаи туризм ва рафти иҷроиши Барномаи давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ дар кори ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба фаъолияти соҳаи туризм баррасӣ гардид.
Ҷаласа бо роҳбарии муовини раиси ноҳия раиси Шӯро Тоҷинисо Шарипова баргузор гардида, гузориши Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Хусрави Маҷнун доир ба масъалаҳои болозкр шунида шуд.
Қайд гардид, ки дар ноҳия 18 ёдгориии таърихӣ мавҷуд буда, ҳолати баъзеи онҳо ба нигоҳубин ва тармиму азнавсозӣ ниёз дорад.
Тарғибу ташвиқи маконҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ суст бароҳ монда шудааст. Бинобар ин ба масъулин супориш дода шуд, ки тавассути васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба имкониятҳои сайёҳӣ тарғиботу ташвиқот бурда шавад.
Дар идома қайд гаридид, ки маркази иттилоотии сайёҳӣ ҷиҳати таҳияи маълумот дар бораи имкониятҳои сайёҳии ноҳия барои сайёҳон ташкил карда шудааст.