Худованд Мутаъол одам офаридааст ва барои ӯ нерӯе додаст созанда яъне ободкунанда яъне ободии ватан ободии ноҳия ободи деҳа ободи куча ободи хона пас вақте ки одам ин неруро дар роҳи тахрибкорӣ сарф мекунад ки ин хилофи фармудаи Худованд аст
Худованд дар Қуръон мефармояд:
وَ اعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللّهِ جَمیعًا وَ لا تَفَرَّقُوا وَ اذْکُرُوا نِعْمَتَ اللّهِ عَلَیْکُمْ إِذْ کُنْتُمْ أَعْداءً فَأَلَّفَ بَیْنَ قُلُوبِکُمْ فَأَصْبَحْتُمْ بِنِعْمَتِهِ إِخْوانًا . (آل عمران: ۱۰۱)
Яъне: ба ресмони худованд ҳамаги чанг занед ва пароканда нашавед ва ёд оред неъмати Худованд ро бар худ онгоҳ ки душмани якдигар будед сипас байни дилҳои шумо улфат афканд пас ба хотири ин неъмат Худованд пас бо ҳамдигар бародар шавед.
Аломати бародари ин дар пайи неки расонидани бародар бошад на дар фикри фитнаву фасод.
Аломати асосии Одамият ин дур будан, аз шар ва хайрхоҳи омма будан, нисбат ба дигарон бояд меҳрубон ва хайрхоҳ будан.
Одамият чист? Худро дур аз шар доштан,
Хайрхоҳи халқ будан, нафъи безар доштан. (Асирӣ)
Дар ҳақиқат ҳизби ба ном исломи ҲНИТ бозичаи дасти давлатҳои қудратманд гардида ҳамчун василаи ноороам сохтани ҷамъияти тенҷу осудаи Тоҷикистон гардид. Мо агар ба таърихи назар андозем мебинем ки сабаби ин бетартибиҳо ва кушторҳо ва муҳоҷир шудани мардуми мусалмони Тоҷикистон ҳамин ҳизби ба ном исломи ҲНИТ буд.
Ин ҳизбу ҳаракатҳоро давлатҳои қудратманд бо ёри баъзе мусулмонон таъсис дода, онҳоро барои ба вуҷуд овардани низоъу кашмакаш дар байни мусулмонон, ва баро пиёда намудани мақсадҳои худ истифода мебаранд. Минҷумла М.Кабирӣ бо ҳизбаш ҲНИТ низ аз ин ҷумла мебошад. Мақсади кули ҳизбҳои сиёси дини ин харобсозии ҷаҳони исломӣ мебошад ки намунаҳои онро мо дар тамоми давлатҳои мусалмон нишин мебинем. Мардуми кишвари мо дар давоми таърихи дарози худ пайрави мазҳаби ҳанафӣ буданд ки мазҳаби мӯътадил ва созандаги буд. Вале ин ҳизб мехостанд ки мардуми мусалмони Тоҷикистон ро аз мазҳаби аҷдоди хеш дур сохта ва пайрави равияи шиъа созанд, Алҳамдулиллоҳ бо ибтикори ҳукумати Тоҷикистон пеши ин амали онҳо гирифта шуд. Аммо ин хиёнати пайравони ин ҳизби ба ном исломи ҲНИТ натанҳо ба ватан балке ба мазҳаби аҷдоди худ кардаанд ин аз он гувоҳӣ медиҳад ки ин ҳизб дар фикри ободии ватан ва мусалмонон нест, балке дар фикри ба даст овардани ризоияти хоҷагони хориҷи худ ҳастанд. Амалҳои нангини моҳи сентябри соли 2015 собит кард ки ин ҳизб дар байни мардуми мусалмон на тарафдор ва на хайрхоҳ дорад. Ин руйдодҳо собит кард, ки дини ислом ба ҳеҷ гуна ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ниёз надорад. Ҳизбсозию ба сиёсат кашидани ислом барои шахсони манфиатҷӯ лозим аст ва барои расидан ба мақсадҳои зишти худ онҳо даст ба ҳамагуна кирдорҳои зишт, ба мисли барангехтани кинаву адовати динию мазҳабӣ ва ҳатто муборизаи мусаллаҳона миёни мусулмонон, мезананд.
Кирдорҳои имрӯзаи пешвойони ҲНИТ дар хориҷи кишвар ҳамчун хиёнат ба миллату ватан ва бовару эътиқоди мардум мебошад. Роҳи ки ин роҳбарони моҷароҷуй пешгирифтаанд фақат ба зарари амнияту оромии кишвар аст ва нақши созандаи дини исломро коҳиш медиҳад. Аз кирдору рафтори ин ҳизб чунин хулоса бароварда мешавад ки ин ҳизб дар фикри ба даст овардани курси мебошад на дар фикри ободии мусалмонон. Пас бояд мардуми Тоҷикистон дар атрофи Пешвои Миллат ҷамъ шуда дар фикри ободии ватан шавем зеро ки дӯст доштани ватан аз имон аст.
Сархатиби масҷиди ҷомеи маркази
н Қубодиён Қарчиев Зайниддин