
Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа рафти иҷрои Барномаҳои давлатии имуннопрофилактика, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ баррасӣ гардиданд.
Доир ба рафти иҷрои барномаҳои мазкур масъулин дар ҷаласа гузориш дода, оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардид, барои фаъолияти минбаъдаи Шӯро дар шаш моҳи оянда нақшаи корӣ тасдиқ гардид.