Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шиносоии муовинони навтаъини раиси ноҳияи Қубодиён сурат гирифт.
Тоҷиев Алиҷон, ки аз соли 2014 дар курсии муовини раиси ноҳия оид ба соҳаҳои иқтисод, саноат ва сохтмон менишаст, бо назардошти эълон гаштани саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар аз рӯйи уҳдадориҳои мансабӣ муовини якуми раиси ноҳия таъин гардид.
Бо назардошти бартарияти соҳаи аграрии ноҳия муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ муовини якум дониста мешуд.
Эмомализода Турахон, директори Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и ноҳия ба вазифаи муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи кишоварзӣ таъин гардид.
Кадрҳои навтаъинро мудири шуъбаи кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Солеҳзода Муҳаммадсабур дар ҳузури раиси ноҳия муҳтарам Зафар Файзуллозода муаррифӣ намуда, ба онҳо иҷрои уҳдадориҳои вазифаи нав муваффақият таманно намуда, ба хизмати софдилона даъват карда шуданд.