Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва ба ин васила ҷалби ҷавондухтарони хонашин ба илмомӯзию ҳунаромӯзӣ дар байни наврасону ҷавонон маҷлис-вохӯрии “Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар кори маҷлис, ки беш аз 150 нафар ҷавонон ҳӯзур доштанд, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова Маҳинабону иштирок ва суханронӣ намуд.
Инчунин дар рафти чорабинӣ ҷавонони фаъоли ноҳия дар мавзӯъҳои “Либоси миллӣ оинаи ниёгон аст”, “Пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон” ва “Таҳаммулпазирӣ ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ” баромад намуда, ба 20 тан аз иштирокчиёни фаъол аз тарафи Кумита тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.