ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ МАҚОМОТ БО ҶОМЕА

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрии фаъолони ноҳия ва аҳли чамоатчигӣ бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҷараёнҳои иртиҷоӣ ба монанди терроризм ва экстремизми сиёсиву динӣ, баргардонидани ҷавононе, ки ғайриқонунӣ дар муасисаҳои динии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд ва пешгирии барангехтани кинаву адовати қавмӣ суҳбат намуда, фаъолони ҷомеа ва шахсони мӯътабари маҳалро даъват намуданд, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ пурзӯр намоянд.

Ҳамчунин дар рафти вохӯрӣ11.jpg ҷиҳати тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ – ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули корпуси неруманди мафкуравӣ ва коркарди тарзу усулҳои нав ба таҳдидҳои мавҷуда ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги сиёсии аҳолӣ, таҳким ва тақвияти корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бахусус терроризм ва экстремизми сиёсиву динӣ, ки имрӯз на танҳо ба амнияти кишвари алоҳида, балки ба амнияти байналхалқӣ халал ворид намуда истодааст, суханронӣ карда шуда, таъкид карда шуд, ки дар ин робита шуъба ва бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия бо аҳолӣ корҳои таблиғотию ташвиқотӣ то ҳадди ҳар як оила дар алоҳидагӣ пурзӯр карда шавад. 

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735191   ноҳияи Қубодиён

  кӯчаи И. Сомонӣ 200

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83251) 2-22-33

Tel: (83251) 2- 25-73

Email: kadrho.qubodiyon@khatlon.tj

info@qubodiyon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.