
Дастаи “Варзиш”-и Ҷамоати шаҳраки Қубодиён ғолиби мусобиқаи футбол байни 12 дастаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гардид.
Дар даври ниҳоии мусобиқа, ки дар Рӯзи варзишгарон, 10 август дастаи “Варзиш” бо дастаи “Пахтакор”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов вохӯрда, бозиро бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи худ анҷом дод.
Дастаи “Шаҳоб”-и Ҷамоати деҳоти 20-солагӣ дар зинаи сеюм қарор дорад.
Давр ниҳоии мусобиқа ва маросими ҷоизасупории он дар майдончаи варзишии Ҷамоати шаҳраки Қубодиён баргузор гардид ва ғолибон бо медал ва ифтихорнома сазовор гардонида шуданд.
Инчунин ба муносибаи Рӯзи варзишгарон 20 нафар варзишгаре, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.